Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

ғал гашта, пару болаш омехтаву якҷоя чигилу печида, воруна меравад. Танҳо бод пару болашро ҷўлида мегардонад. Сонӣ ба санге мубаддал гашта, поёнтар ба қаъре фурў рафт, ки дастнорас буд... «Шоҳин пеш аз ман мурд... Дареғ!»
Гули Бодом тамошобинонро фўк зада ва сайҳайи талх кашида сари ҷарӣ омад. Аз дидагонаш ашк мерехт: «Гунаҳгор манам!»
Чунин фаҳмид Туғрал ашки чашми ўро ва сар афшонд: «На!
Худро озор мадеҳ, гунаҳгор маълум мегардад! Мўй аз хамир ҷудо мешавад».
Гули Бодом ҳамлайи худро аз сари ҷарӣ ба зер афкандан кард.
Мансурхон ҷилави онро сахт кашид. Хўрҷини ало пушти зин буд.
Қуттиҳойи тир хўрҷинро таранг карда, тарҳашон аён мегашт.
Дидагон даст ба даҳони воз бурда, ҳайрати хешро боздоштанӣ мешуданд.
Туғрал хира-хира дид, ки як суроби мушранг даруни чодар шуд... Нашинохт: «Шатенин бошад?» Сари бора Гули Бодомро ҳам дид. Як нафари дигарро дид, ки майли поён фуромадан дорад, сарбозон намегузоранд: «Мансурхон?.. Дер кардӣ!»
Ва як ҷонвари болдор аз тори сари сарбозони монеъгардида ҷаҳида сўйи рўдбор омад. Гули Бодом монанд ба туғрали азими афсонавӣ, чаҳор дасту пояш андаке қат гашта ва хўрҷин болсурат кушода шуда, фурў мерафт. Наълаш ба сангҳо бархўрда, шарора афканд ва ў мурғона нишаста натавониста бо вазни гаронаш рўйи сангҳо бархўрд ва қуттиҳо шикаста, тирҳойи хўрҷин парешон шуданд. Гули Бодом талвосайи хестан кард, натавонист. Гардан ёзида сайҳа кашид.
Туғрал даст бар сари сина, ки аз байни панҷаҳо хун мезаҳид, майли ба ҷонвар расидан кард, нагузоштанд...
Тобасанги сафед лаългун гашта буд ва пойи бараҳнайи шоир ҳино гирифта.
Ҷонварро пару бол ҳам нигаҳ дошта натавониста, шикаст дастонаш. Дар чунон ҳол ҳамлаву таҳлукайи хестан мекард, дастони шикастааш даст намедод. Ба зону истода саҷдаву тавозўъ мекард шоирро. Ва аз ду сарчашма ашки хунин мерафт.
Шоир низ чунин таҳлука дошт. Лек ба якдигар расида наметавонистанд. Танҳо ҳамин вақт чашми Туғрал об гирифт. Ва ҳама чиз зери пардайи ашк ниҳон гашт.
Имрўз 28 июни соли 1919. Ҷасади хунолуди Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ бар тахтасанги сафеди аз хуни шоир ранги парчами сурхҳоро гирифта рўй ба Осмон хобида буд. Касе ёройи фуромада хабар гирифтан надошт ва ё ҷанозайи ўро бардошта то хонааш ё гўристон бурдан дилёб намешуд. Гули Бодом ҳам ба ў нарасида ҷон дод. Танҳо шоҳини озод, ки дар чашми шоири парешону даст андар сари сина хунин дар фазо мурда, ҷўлидапар воруна рафта буд, рўйи шишайи нилгун давр гашта, ба қаъри жарфно дида давонда, ҳолу рўзи ҳамномашро медид ва дарак аз бемаргийи Туғрал медод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор