Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Аммо чун бо ҷасади шаҳид рост омад, дар фазо як пари боли росташ канда шуд ва дар ҳаво муаллақу пуртаҳлука ва бемуттако лаппида-лаппида чун заврақ дар об фурў меомад; ба паҳлўҳо мерафт. Тамошо мекарданд, ки боли сафед куҷо меравад.
Ҷувозак гашта, лаппида, оқибат ором шуд ва чун паррандайи нозуку озод паст-паст омада, сабук нишаст рўйи сари бараҳнайи ҷасад; чунон ки Туғрал дар зиндагиаш тоҷ аз пари туғрал дошт.
Колбади ў, ки худи сарбозон бо саҷҷодайи хунолуд рўяш пўшида буданд, зери офтобу бод ва равшанийи рўзону торикийи шабон монда буд. Насими рўҳбахшро эҳсос намекард. Ҳамин ҷо дунё тамом шуд. Дигар вуҷуд надошт зиндагӣ; маънӣ ҳам на дошт.
Гетӣ танҳо чунин фано пазирад ҳар касро. Аммо бозӣ анҷом напазируфтааст; ҳанўз бо мурдайи ў бозӣ доранд: рўзи саввум аст, ки колбади ў рўйи тахтасанги мармарӣ рўзҳо дар офтоб месўзаду шабҳо нам мекашад. Саҷҷодайи ба рўяш густурдаро боди рўд бурдааст. Чашмони кушода сўйи само нигарон; гўё носеранд аз дунё, аммо чизеро намебинанд ва ифода намекунанд. Ўро торикиву рўшнойӣ, гармову сармо, шўру шаафи сукуту оромӣ яке буд; Вақт аз ҳаракат монда буд; ҳатто фано пазируфта гетӣ. Дар ёди ў ҳамин қадар монд: «Наврўз бо рўзи шанбе рост омад, бузургмурӣ шавад!»
Танҳо осмони нилгун дар ойинайи чашмони сокиту оромаш метобанд; ҷасади ў низ дар шишайи кадоме аз қабатҳойи самовӣ нақш бастааст, вале аён нест. Замоне бояд ошкор гарданд кирдорҳо бо ҳама гуноҳу бегуноҳӣ. Вале андар замини зери пой касе ҷуръат надорад лаби рўд фуромада рўйи ўро аз нав бипўшонад; фўтайи бод афкандаро ба рўяш кашад; чунон сахт буд муҳиту шаройит, ки метавонист наздик омадаро низ бубарад боди шўрида. Зеро фавҷи сархам ва сарҳанги «сарбаланд»-и дар ҷанги нобаробар ва номардона пирўз омада аз ин манзил бор баста сўйи Вешаб ба ҷанги ноодилона рафта бошанд ҳам, чанд тани силоҳбадастро мурдабон гузоштаанд, ки аз тарси тири ҷонсўзашон касе ёройи ба назди лошайи шоир рафтан надорад; на худиву на бегона.
Ва ба ҷое арза карда намешавад дар ин дунёйи бесоҳиб. Гарчи бародари бузург Мансурхон ҳокими кенти Фарғар бувад, касе ба додаш нарасад...
Баъди се шаборўз, ки табиат мотам гирифта фўта – саҷҷодайи
шоири пешгў ба рўйи офтоб кашида буд, чодари сиёҳ гашт ва абр
бигирист бар гардун. Сарҳанг Шатенин, ки хайма дар қадобайи
Оббурдон зада буд ва бо Осипови «сафедгвардия» калла ба калла
монда баногўшӣ мекард, аз саргаҳи Зарафшон селе фурў омад
ва пешбодайи он «хаймайи ғалатзада» сарнагун сохта, сарҳанг
фурў ғелонд ва аз санг ба санг зада сару дасту пой ва гардану қабурға шикаста як халта гўшт гардонд ва оварда ба соҳил андохт, ки ҳамагӣ аз манзили хоби Туғрал се қадам поёнтар буд ва касе намешинохт, ки чӣ кас аст ў?
Ҳама сару либос аз тан рабуда, ба шакли сагобӣ гардонида буд ва посбонҳо низ нашинохтанд, ки ў аз кадом қавм аст. Ҳамон замон лошахўрон пайдо гаштанд дар фазо ва рехтанд ба лошайи селоварда, вале се газ он тарафтар шоҳин нишаста бар сари колбади Туғрал; нагузорад лошахўреро наздик омадан. Дар чанд лаҳза склети шикастайи сарҳанг боқӣ монд аз лошахўрон, ки сари сангҳо баднамову ҳаромхор гарданҳойи безебашонро фурў кашида ба ҳар сў менигаристанд, ки оламро тозаву пок гардониданд аз ҳароммурда... Дар чунин ҳолату аҳвол пайке савора даррасид, коғази сафед гирди сар гардонида фарёд мезад: «Бииситед!!! Иҷройи ҳукми ноодилона боздошта шавад!»
Дареғу фарёд, ки дер шуда буд... Баъди он дўстон имкон ёфтанд, ки лаби рўде фуроянд, ки дами бод аз забони шоир мехонд: «Ай Фалак, дод аз ҷафоят, бар чӣ ҳолам кардайӣ!?» Ва инак оби дидайи дар косахона аз ҳайрату ҳарос бастайи одамӣ мисоли гиряйи абри гардун рехт, оби Зарафшонро дамидатар гардонд. Ҷасади ба назар мумиёйигаштайи ўро аз маснади сангӣ бардошта, оварда дар доманайи деҳа, сари бора ба хок супориданд.
25 ноябри соли 2006
Ривоят мекунанд, ки сари бора паҳлўйи гўри шоир гулбуни садбарг рўйид; онро ҳамроҳи ҷасад ба боғи шоир оварданд. Дар буни мақбара шинонданд. Сабз мегардаду мешукуфад ҳар баҳор.
Валек қаламчааш дар дигар макон сабз намегардад, зеро гулбун аз ҷасади шоир обу ғизо мегирифааст...
Илова аз китоби Туғрал «Гиёҳи меҳр» - 1986: «Баъдҳо қонуни адолатгустару ҳукумати ҳақиқатпарвари советӣ Шитининро баройи чунин худсариву гунаҳкориҳояш одилона ба ҳабс маҳкум мекунанд ва ў дар маҳбас ҳалок мешавад».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор