Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Аз китоби «Мавлуд» ёд доред-а?... Бале... Бихадича Муҳаммадро талаб карда гирифт, тоҷир кард... Ба тиҷорат фиристод ва хоб дид; хоб дид, ки Офтоб дар ҷойгаҳу оғўшаш даромад... Раммолон хобғузорӣ карданд ва гуфтанд, ки Бихадича ба касе мерасад, ки бузургтарин инсони рўи дунё мегардад... ва чунин касро дар симои Муҳаммад диданд.... Бихадича ба хидматгори аз худаш бисту панҷ сол хурд расид ва ўро машҳури олам гардонд...
Кӣ будани Муҳаммадро медонед...
Шарифа як лаҳза Бихалифаро фаромўш кард, саргузашти Муҳаммадро ёд овард...
— Вале Муҳаммад ба болои Бихадича занҳо гирифт...
Шарифа ҳайрон буд, ки чаро Бихалифа чунин гўяд; магар ба ў марде хостгор шудааст? Магар Бихалифа рамузгирӣ омадааст?
Шарифа чашмони хаста ба Бихалифа дўхт ва ҳайрату андеша бартараф карда натавониста «Хуш омадед, Бихалифа!» гуфт ва хестан хост.
— Осуда бошед, Шарифабону, ман вақт надорам, пешин наздик... омадам, ки ба шумо ҳамин чизро ёдрас кунам, Бихадича аз ёдҳо нараванд, танҳо бо ҷангу ҷидол ном баровардан шарт нест, некӣ низ номдорист... Ман меравам, шогирдон нигаронанд. Китоб хондан лозим, онҳо низ бояд фаҳманд, ки зани порсо марди дарвешро кунад подшо.
— Чӣ хел мешавад, Бихалифа? Даҳони хушк...
— Боке не, ман нону намаки шуморо бисёр насиба кардаам...
Вақте ки усто меҳмонхонаи Эшонбоборо мепўшонданд, ҳар рўз дар миёнашон ноне баста меомаданд: «Хуҳарам, Бихалифа, малол нагиред, ин одат», мегуфтанд ва ҳикоят мекарданд, ки мусофиреро тирмор ба шикам бархўрда, сўрох карда гузаштааст ва нонро сўрох карда натавониста, мурдааст... Аз нон шарифтар чизе нест... Сиҳат шавед, боз аз он нонҳои дегии шумо мехўрем... Зинда бошед!
— Шод бошед, Бихалифа!
Бихалифаи мактабдор рафт. Шарифа деворҳоро дошта, то беруни дарвоза баромад. Аз паси Бихалифа менигарист ва медид, ки чӣ зайл сари чодардори ў дар тангкўчаи Чилламазор пасту боло мешавад, чунон ки мавҷсавор бошад.... Ва бовар намекард, ки чунин инсони шарифа барои як даҳон гап ба даргоҳи ў омада бошад. Мақсад дигар бояд бошад ва ўро бемор дида, матлаб нагуфта рафт. «Чӣ мехост Бихалифа?»
...Тойчаи ба Саманд монанд, гуфта, овардаи Бурҳон сесола шуд, аммо аз ў дарак нест. Баъди падар рафту барнагашт. Худаш тойчаро бурда дар алафпаяи пушти шахи Гаҳвора сар дода буд; зимистон Ҷўраву Сангин рафта, оварда, қатори гову гўсола дар оғил баста буданд, вале имсол хабар намегиранд, ки ҳаст ё нест.
Модар низ аз ин хусус фикр мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё