Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ, ту баччаро ба ман монда рафтанӣ ҳастӣ?
— Не,– сар ҷунбонд арўс, – ҳамту гуфтам... Ман омадам, ки...
— Набояд меомадӣ!
— Ҳо... набояд меомадам... лекин фикр кардам, ки тифл гуноҳе надорад.
— Гуноҳаш он, ки писари туст... аз хуни Зуҳур! – ошуфта ва пурғазаб буд Шарифа.
— Не, хуни Зуҳур дар ин нест, хуни усто Қодир аст... Ман дар ин дунё ба касе ҷавоб гуфта натавонистам, намедонам, ки дар он дунё чӣ ҷавоб мегўям.
— Дар он дунё ҳама гуноҳҳои моро медонанд, лекин дар ин дунё касе гуноҳи касеро намедонад, гумон доранд, ки худ поканд, дигарон нопок.
...Ва баргашт арўс. Баъди рафтани ў Шарифа ба андеша даромад, ки ҳарфҳои арўс чӣ маънӣ дошт; чаро дар хонаи бобо барои тифлак ҷой нест, мегўяд, чаро ўро бегуноҳ мешуморад?
Воқеан чӣ ҷурм дорад он маъсумак? Шарифа чунин биандешид ва аз дунболи арўс бирафт, аммо пайдо накард. Бозпас омад ба назди Саманд. Ёлу гардану сарсинаи онро кафмол карду пурсид:
«Саманд, магар қисматҳо дар атрофи ман мегарданд?... Ту бисёр чизҳоро намедонӣ, Саманд... Бурҳон ҳамагӣ як лаҳза бо арўс хуфта буд... Магар ин писарак набераи ман аст? Ба Худо маълум... Ту намефаҳмӣ ин чизҳоро, Саманд... Худи одамӣ ба ин кирдорҳо сарфаҳм намеравад... Он қадар мураккаб сохтаанд ин дунёро...
Ғалат гуфтам, Саманд; бино ба гуфтаи Бихалифа, ин дунё чунон оддӣ буд, ки инсон на танҳо талоши ҳаққу ҳуқуқ надошт, ҳатто фаросати таншўӣ намекард... Сонитар худшинос шуд инсон, қадри хешро аз ҳайвон боло донист, бараҳнагиашро пўшид, ҳаё кард... аз они ману аз они ту шуд; ба қабилаву авлоду наҷод тақсим гашт; нафс, кина, хусумат, қасду қасос ба миён омад, ҳаваси ў ба ҳар чизи хуб афзуд; барои чизи хуб чизакҳо қурбон шуданд... ҳавову ҳавас фирўз омад ба тамкину сабурӣ... Рафта-рафта хидматгори ҳайвон шуд инсон, то дар рўзи бадаш суд кунад... Ба ман нигар, Саманд... ана чунин – рост ба чашмам... Нигоҳатро нагурезон!
Мегўм, ки наход як тифлак дар хонаи Зуҳур ҷой нашуда бошад?
Ҷавоб намедиҳӣ... Мегўм, ки чаро дунё пур аз савол аст? Беҷавоб!
Агар ҷавобе шавад, аксаш шавад, на он чизе ки ту хоҳӣ?»
Саманд сум зад: дасти рост ба замин кўфта, ҷой тоза кард; кафкаф хокро ба пас партофт ва чаҳор дасту пой дар як ҷой оварда майли хобидан дошт, вале гашт аз раъяш; ё аз тангии ҷой, ё аз нобаҳангом будани ин кор; пасон сар афшонд, то раҳо кунандаш; сарафзораш гиранд ва гўянд, ки паси шахи Гаҳвора бирав; ҳамчу инсони ибтидоӣ, ки ба касе итоат кардан намехост...

пешина
аз 421
навбатӣ