Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Шумо ё ман?
Саманд сайҳа кашид. Аспи сиёҳи Зуҳур низ ҳӣ-ҳӣ гуфт. Безобита шуд, сўйи аспи ношинос ҳамла карданӣ буд, аммо тангкўчаи паҳлўи мазор имкон намедод, ки он ҷавлон занад, соҳибашро ҷувозак гардонад; аз лаҷоми тарангкашида ба танг омада, чароғпоя шуд ва Зуҳур тарсид. Хам хўрд ба гардани асп, оғўш кард ва баъди қарор истодани асп як тозиёна ба фарқи сари он зад. Асп гирди худ ҷувозак гашта, сар ба замин хамид – чунон ки харона мехобида бошад. Зуҳур пуршаст лаҷоми онро кашид.
Шарифа тамошогар буд ва аз Худо талаб дошт, ки золим аз сари асп паррад. Чун дид, ки бо ў коре нашавад, биандешид, то бо ў коре бояд кард ё илоҷе. Корде, ки мисли корди баҳодури афсонавӣ буд, ҳоло зери болин аст, ў гумон надошт, ки дар субҳгоҳон лозим шавад. Пас гашт, то кордро бигирад, зеро сабабе ҳаст барои корд задан.
Зуҳур аз ҷувозак гаштанҳои аспи обсар ба танг омада, аз зин фуромад ва инони онро сар дод.
— Ку духтари ман?
— Духтарат зери хок!
Якбора баргашт аз роҳ, посух дод, ки рост буд. Зуҳур ўро гўронда буд, инак аз чунин посухи Шарифа ғазаб кард, ки дуои бад бошад. Тозиёна андохт сўйи ў.. Тозиёнааш нарасид. Шарм дошт аз ноқобилиаш, дандон ба дандон монда ғуррид:
— Манҷалақӣ, ҳама умедамро барбод додӣ.
— Хуносои номуборак, пою қадамат зери хок, деҳаро бефайз кардӣ!
Зуҳур чун дид, ки аз зан ҳарфи нек нашунавад – ҳар чӣ гўяд, он шунавад, таҳдид кард; барқосо ҳамлавар шуд сўяш. Шарифа реб дод ба паҳлў ва бели чўбии дар танаи дарахти чормағз рост гузоштаро гирифта, ба ҳаво бардошт.
— Номурод, ин гапро аз кӣ шунидӣ? Кӣ гуфт, ки ман духтари нопоки туро дуздида бошам? Як бор пойи номкборакаш ба ин даргоҳ расида, ҳамаро хушк кард, бас набуд? Магар духтари туро оварда... худам... астағфируллоҳ! А, беимон ин гапро аз кӣ шунидӣ? Нархи сабзиву пиёзро напурсида, ба сари ман омадаӣ?..
Худам туро мекофтам, ба хунат ташна будам, – белро баланд бардошта пеш омад, Зуҳур пас-пас рафт. – Чандин бор аз паят баромадам... Таги думи Оқпошшоро лесиданӣ рафта будаӣ. Мур, косалес! Мур, беимон! Мур, беномус!
— Ха-айр! – ришак кашид Зуҳур ва пас-пас рафт. – Ба дастам меафтӣ... налесӣ, номамро мегардонам...
— Ҳо дар даҳанат!.. Ҳо дар гўри отат... Ҷў-ўра-а! Са-ангиин!
— Дамата гир, қанчиқ! Деҳа хоб аст!
— Деҳа хоб аст, як ту, нарсаг, бедор! Ҳо дар ҳалқу даҳанат...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо