Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

дур шуд садояш... Нопадид гашт худаш.
Баҳодур роҳ сипард. Ба ҷое расид, ки дарахте дўлона ҳасту зераш чашма. Мурғи ҳақ тори дўлона нишаста. Дар танаи дарахт шаҳморе печида. Пуф мекард шаҳмор, аз даҳонаш оташ бурун меомад. Баҳодури ташна оби чашмаро дид, лабонашро лесид. Аммо ба чашма наздик рафта натавонист. Шаҳмор дум бар дарахт печида, хам шуд ба сари чашма ва боз рост гашт бар қадди дарахт. Ў ба мурғи ҳақ нигарист. Ин ҳамон бумест, ки дар вайронаи мазори деҳаашон медид. Мулўҳвор менишаст тори дўлона ва ба баҳодур эътиборе намедод... Баҳодури ташна, лабонаш карахшбаста гузаро бишуду бирафт...
Дидӣ, баччем, мурғи ҳақ аз ҷояш наҷунбид, мор тарафаш натохт. Зеро баҳодур баднафсӣ накард, худдорӣ кард. Агар оби заҳролудро мехўрд, мемурд... Рафт...
Рафту рафт, паси кўҳи Қоф расид. Тори дарахт мурғи ҳақро дид. Гирди кўҳи Қофро гашта, ба Офтоббаро рафт. Дар он ҷо ҳам мурғи ҳақро дид. Гашту гашт ва дар мазори пушти боғашон низ он мурғро дид...
Модари баҳодур сиёҳ пўшида буд. Баҳодур гумон кард, ки барои дуру дароз бедарак шуданаш модар сиёҳ пўшида бошад, маълум шуд, ки падар баргашта, дар ғаму алами баҳодур нобино гашта, аз олам гузашта...
— Хобат бурд, Ёдгор?
— Не.
— Бихоб!
Сабоҳи мардон садои суми асп баромад. Шарифа нав пеши Саманд як дарза беда андохта буд, садои суми аспро шунида ҳайрон монд. Садо аз ҷониби дарвоза не, аз сўи дарвағна омад.
Шарифа худро паси дарахти чормағз гирифт ва диққат дод, ки савора кист. Зеро ў чашмбароҳ аст ва умед дорад, ки рўзе Бурҳон аспсавор меояд... Вале савор ғайри чашмдошти ў буд... Шарифа зери пардаи сапедадам шинохт Зуҳурро ва кампири Моҳбӣ пеши чашмаш омад, ки кори ўст: ҷалоҷин хабар расондааст...
— Аспдор шудӣ-ку, Шарифа?
— Ассалому алайкум!
— Агар ба шаҷараи поки мо иснод оварда бошанд, ту овардӣ!
— Чаро шумо неву ман? Кас аввал гиребони хеш бибўяд, пасон ба дигарон бигўяд...
— Чунин ки духтару набераи ман лозим будааст, чаро ба тўҳмат ҳамаро шарманда кардӣ?
— Духтару набераи шумо ба ман лозим нест!
— Лозим набошад, чаро миёни чатанат гирифта шиштаӣ?
Халқи оламро сарсон кардӣ! Ҳамаро ба бузбозӣ андохтӣ...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ