Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷўра калтак бардошт, Сангин бели модар партофтаро ва баробар ҳамлавар шуданд ҷониби Зуҳур.
— Истед! Кордор нашавед! Ўро Худо занад! – ҷаста хест модар.
– Дар ин хонадон ҳеҷ гоҳ ҷангу ҷидол нашудааст, пои номубораки ин иблис субҳи моро номуборак кард... Ҷазояшро Худо диҳад...
Вале писарон пас нагаштанд. Ҳамла карда, ўро бехи девори гўшаи ҳавлӣ бурданд...
— Ин чӣ мағал аст, Шарифабону? – аз ҷониби дарвоза омад ин садо.
Шарифа овозро шинохт, аммо ҷавоб надод. Садо дасту пои писаронро суст кард ва Зуҳурро шердил: «Шохид ёфт шуд» аз дил гузаронд Зуҳур ва миёни лабу дандон сўйи онҳо ғуррид: «Сагбаччаҳо!»
Сангин бел ба тори сари ў ронд, аммо белаш ба замин бархўрд ва Зуҳур наъра кашид:
— Сагбаччаҳо! Фаромўш накунед, ки ба кӣ даст бардоштед!
— Ин чӣ шўрест, Шарифабону? – наздик омада, пурсид Моҳбӣ.
— Барои мурдаи ту, ҷалоҷин, талош доранд, ки кӣ гўр мекарда бошад?
Моҳбӣ маънии сухани ўро нафаҳмид. Ҳайрон нигарист ба ў.
Пасон ба «корзор» зеҳн монд: Зуҳурро шинохт ва сарфаҳм рафт, ки Шарифа чӣ мегўяд.
— Аввал пурсиш, в-он гаҳе кушиш, Шарифабону... Гумонат, ки ман ба ў хабар додам? Не-е-е. Бипурс аз худаш... Агар гўяд, ки хабарро аз ман шунидааст, худамро дар мазор қурбон мекунам, агар не, ҳарфатро гардонда мегирӣ... ва қадами ман дубора ин даргоҳро пахш накунад.
Шарифа ба сухани ў эътибор надод. Гўё бар ақидаи хеш буд.
Садои Моҳбӣ ўро водор кард, то биандешад:
— Ҳой, амини мамлакат! Ман ба ту гуфтам, ки ба нн даргоҳ биё?! А, ҳой марди бешараф, ман хабар додам, ки ин ҷо муродатро меёбӣ? Ҳе дар даҳони каҷалукат...
— Ту чиҳо мегўӣ, ҷалоҷин? Гап ба ту расид? Мехоҳӣ, ки дар думи асп баста тозам? Ҳе, дар фаровези даҳонат...
Ҷўраву Сангин ходаву белро миёни онҳо ёзиданд. Зуҳур калтаку белро ба зарда тела дода, сўйи кампирак тозиёна андохт. Ва бо ҳамон шаст ба кофтуков даромад, ки духтарашро дар кадом чокӣ ё гурбадаве пинҳон карда бошанд. – Шумо ҳоло бо собуни ман ҷома нашустаед!
...Онҳо сайҳаву шўри аспонро шуниданд, аммо эътиборе надоданд. Танҳо Ёдгор аз паси онҳо нарафта, аспҷангро тамошо кард... Онҳо хонаҳоро кофта, даруни сандаливу таксандуқаву пушти тахмонро, ошхонаву оғилу ҳама роғу гурбадаву хаволиҳоро ҳамроҳ хабар гирифтанд, аммо Нориро пайдо накарданд: «Пинҳон кардӣ, бева...

пешина
аз 421
навбатӣ