Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

худат бароварда медиҳӣ, агар не, дар думи асп мебандамат».
Чашми Зуҳур ба аспон афтод: аспаш чаҳор дасту пой боло дам карда, мехобид ва Саманд шерона аз хехиртаки он газида, ҳоло ҳам ба замин пахш мекард. Аз гардани Саманд низ хун мешорид.
— Худоё, дунё охир шудааст! – дод зад Моҳбӣ. – Нишонаи Охират аст! Дар китобҳои қадима навишта, ки ҳайвон ҳайвонро одамвор кушад, дунё охир шавад...
Зуҳур эътибор надод ба гуфтори ў. Тозон бирафт ва ба фарқи сари Саманд дастаи тозиёна бизад. Саманд сар боло кардан хост ва дандонҳои ба гардани асп фурў рафтааш онро бардошт, пасон раҳо кард, ки таппӣ ба замин бархўрд ва Саманд ба Зуҳур сахт нигарист. Чашмонаш косаи хун буданд. Аз биниаш кафк мерехт.
Танаш тар буд чу бороншуста. Оҳиста ҳӣ-ҳӣ гуфт, ба шиками аспи хобида сум зад. Баъд беқарор гашт... Мардак фоли бад донист ин корро ба бори дигар суханони Моҳбӣ дар гўшаш садо доданд.
Баъд гўшонаш қуфл заданд...
— Кошкӣ мо ҳам мисли ҳамин хайвон қасос гирифта метавонистем! – хомўширо садои Моҳбӣ вайрон кард, Зуҳурро ба худ овард:
— Қасос гирифта метавонем, боз чӣ хел қасос...
Ҳамин қадар гуфт Зуҳур ва назди Саманд рафт, то ресмони онро кушояд. Саманд чароғпоя шуд, то ба фарқи сари ў дудаста кўбад, аммо ў худро дур гирифта, ҷонашро раҳонид. Баъд Зуҳур аспи чаҳор дасту пояш боло хобидаро тозиёна зад: «Хез!» ва боз зад, заду зад, то бефара гаштан. Чун яқин кард, ки аспаш барнахезад, тозиёнаро кашидаву кушода ба қоқаки сари аспаш заду партофту рафт...
— Мазор тиккаву пора кунад ту, номусулмонро! – аз нав дуо кард Шарифа ва Моҳбӣ даст ба дуо бардошт.
— Гумонат, ки ман хабар додам-а? – хомўшии дуру дарозро шикаста, худро аз гапу калоча раҳо карданӣ шуд Моҳбӣ. Вале ҷавобе нагирифт. Хомўшӣ идома дошт. Моҳбӣ фаҳмид, ки Шарифа хафа шудааст. Хост хапу дам баргашта равад, вале дар дилаш буғзе ҳаст, бо чунин ҳол рафта нашавад.
Шарифа назди асп рафт; ба назараш муҳимтарин кор ҳамин буд. Аз чашмони хунгирифтаи Саманд тарсид. «Хуни ноҳақ кардӣ, Саманд. Ба сарам бало овардӣ. Дўғмаст буд... лекин чун расид зўрат ба он бом барин ҳайвон? Бигўй, ман ҳам чунон кунам. Намедонӣ-а? Ту накардаӣ, худаш шуд-а?.. Чаро хомўшӣ? Сари худатро ҳам хўрдӣ, сари маро ҳам... Намедонӣ, ки ба одамон баҳона лозим.
Баҳона лозим, ки даҳон то баногўш дарронда туро сиёҳ кунанд, маро гунаҳгор хонанд, то кордашон болои равған бошад. Худо аз қатори чизҳо нафсро кам мекард, шояд мардум аз Парвардигор тарсида, ба якдигар одамвор муомила мекарданд, ба чашми ҳамдигар рост менигаристанд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо