Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

панҷаашро мушт карду кушод ва боз ангушти ишорат сўйи Зуҳур бурду ба таври худ онро ба париён намуд: «Ҳууу, ҳууу, ҳо-ҳо!»
ва баъд Моҳбӣ мўй ба сару рўй парешон карда, алмастӣ шуд; дардаш гирифт: «Ана-ана омад, ана-ана омад! Ана-ана омад, анаана омад!» Лабонашро ларзонда, дасту китфонашро ҷунбонда, ба рақси париёна даромад: чархиду ларзид; чашмонаш барҷастанд, пилконаш сурх шуданд; аз даҳонаш кафк рехт, аз сару рўяш арақ шорид; гирди Зуҳур гашт, ўро васвос кардан хост: «Ана-ана омад!
Мана, омад-омад!»
Дастон ба пеш ҷанголи дарранда карда, ҷониби Зуҳур чизеро пошидагӣ барин «Рав, рас, часп, девона кун, куш, хур!» гуфт.
Магар ба Зуҳур таъсир кард, ки пас-пас рафт. Вагарна то алвақт омода буд, ки Моҳбии алмастиро лагад занад. Ҳамраҳонаш моту мабҳут буданд ва ин одамони барояш ношинос, аз чунин рафтори кампири девонаавзоъ хавф бурда, баробари Зуҳур низ пас-пас рафтанд; ҷониби мазор рафтанд. Чунин ҳолро дида, садои Моҳбӣ боло шуд:
— Қабул кунед, азизон! Пора кунед, азизон! Тикка кунед, азизон!
Ёдгор сари марза механдид, писарон низ сари хам таги дил хандиданд, вале модар ба лаб табассум ва дар дил мегирист. Гўё Моҳбӣ барои он чунин кард, ки Шарифа ба бегуноҳ буданаш бовар кунад; донад, ки хабари дар хонаи ў будани Ёдгорро ў нагуфтааст...
Баъде ки онҳо аз тангкўчаи мазор дур шуданд, Моҳбӣ рўи замин нишаст, пасон якпаҳлў афтид; аз даҳонаш ҳоло ҳам кафк мерехт, аз чашмонаш ашк. Шарифа аз гуфта пушаймон, омада, назди ў зону зад ва баробараш гирист. Моҳбӣ беёд буд... Шарифа шунида буд, ки Моҳбӣ парӣ дорад: ҳар вақт сари бом баромада «ъэ, ъо!» мегўяд ва то монда шуда афтидан ҳамроҳи париёнаш мечархаду мерақсад, бардору зан мекунад; мурда, аз нав зинда мегардад... инак ба чашми худ дид.
— Об биёр! – фармуд ба писар ва оби кўзачаро ба каф гардонда, ба рўи ў пошиду пошид, то хунук хўрда, баданаш вараҷа карда, ба худ омадани Моҳбӣ.
Ёдгор хуб ба рафторҳои Моҳбӣ хандид; аз даҳонаш кафк рехтанро ҳам бозӣ дониста хуб хандид, инак баробари Шарифа ба ҳоли Моҳбӣ мегиряд. Ҷўраву Сангин забон хоянд, то гиряи гулўро фурў нишонанд... Аҷаб дунёе, аҷиб одамоне. Зуҳур барои бурдани асп омаду барои бурдани набера на.
— Меравӣ ҳамроҳи бобот?
— Не. Вай бобои ман не...
Ва Шарифа андеша кард, ки беҳуда гуфт ин ҳарфро. Дили писарак ғаш мекунад, ки набераи ҳамон одам аст.
— Ҷўра, Сангин! Чӣ кор мекунед ин маслухро?

пешина
аз 421
навбатӣ