Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Худаш омада мебарад. Зуҳур касе нест, ки моли ҳароммурдаро ба касе ройгон диҳад...
Писарон андешиданд, ки бо чӣ роҳ аз ў халос шаванд. Ба сарашон зад, ки маслухро вазза кашида, бурда назди ҳавлиаш партоянд, вале зўрашон нарасид ба бурдани он; ҷуфти гов ё ҷуфти асп лозим, ки онро кашад.
— Ноомади корро дидед? – гўё то ҳол илоҷи кор андешида бошад, лаб кушод Шарифа.
— Ғам нахўр, Шарифабону, – ба худ омада гуфт Моҳбӣ, – рафта ҳама сагони деҳаро ҷамъ карда меорам, дар они воҳид лахту палахт мекунанд.
— Ба бало мемонем. Аз ў халос хўрда намешавад, бисёр бад аст.
— Ҳаволаи бад ба Худо, Шарифабону...
— Мо чунин мегўем, лекин Худо ба камбағалу бечора мурувват накунад.
Онҳо сари сўҳбат буданд, ки Ҷўраву Сангин ду расани пашмӣ оварданд ва аз ду пои маслух бастанд. «Зўратон намерасад!» гуфт модар. Сангин ба ҷои ҷавоб як нўги ресмонро ба гардани Саманд баст ва ресмони сарафзори аспро ба модар дароз кард:
— Шумо Самандро ҷилав кашед, ҳар дуи мо як ресмонро.
Модар пазируфт: лаҷом кашид. Саманд саркашӣ кард. Модар, ки ду-се бор «чу-чу!» гуфта ҷилав кашид, асп фўк пеш ёзида, қадам андохт ва зуд дар гарданаш таранг шудани бандеро пай бурда, бозистод, сар кашид, ки пас менигариста бошад. Ҷўра ҳалқаи дар пои асп бастаро хабар гирифт. Сутунчаеро ба нўги ресмон баста, бародарон ҳамчу ҷуфти гов пеш кашиданд. «Ҷилав занед, оча! Чу!..
Чу, чу!» Саманд ба пеш майл карду бозистод. «Чу! Сабил мон!»
– даст ҷониби асп афшонда хитоб кард Ҷўра ва Саманд аз тўда мебаромадагӣ барин пойҳои пас ба рост давр занонд.
— Бадбахт! Фиреба ёд нагир! – аз пас садо кард Моҳбӣ ва наздик омада ба чашмони сурхи Саманд нигарист. – Ту ҳайвони бафаҳм-ку! Пеш каш! – ва химчаи шикастанўги бехи дарахти тут хобидаро бардошта, оҳиста ба думғозаи Саманд расонд. Саманд лагад андохт. Шамолаш ба Моҳбӣ расид: – Ҳа, бадбахт! Вай ҳайвони дупо кушта натавонист, ту куштанӣ ҳастӣ? Айби худат:
куштӣ, мурдаашро каш!
Ҷўраву Сангин пой ба замин тир карда, ресмон кашиданд.
Шарифа ҳам лаҷоми Самандро кашид. Баробар зўр заданд ва маслух пеш лағзид... Аз паси худ нақше боқӣ гузошт. Хазону хасу хошок ба ду тараф баромада, новаи рўяк пайдо гашта буд... Тамошобини зиёде пайдо гашт: ҳар кӣ аз кўчаву раҳу рў мегузашт, истода рафтори онҳоро тамошо мекард; ҷуфт бастани одаму аспро медид, механдиду ҳайрон мешуд, китф дарҳам мекашид, ки чӣ аломат бошад ва маслухро куҷо мебурда бошанд... Ва онҳое ки аспи Зуҳурро дар чунин ҳол диданд, ҳайронтар шуданд.

пешина
аз 421
навбатӣ