Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз теппаи Шоёни дасти рости Амондара пинг-пинги рўбоҳе омад ва садои пасти рўдак. Ў сари девор рафт. Оҳиста сар бардошт тори девор; муродаш маслуху сагон буданд. Дар равшании моҳтоб ҳама чиз метофт: маслухи нимхўрда ҳам, сагони ҷо-ҷо чукка нишаста ҳам. Сагон чунон ҳушёр буданд, ки яке ҷунбад, дигаре ҷонибаш меғуррид, ҳамагон гўш чур мекарданд. Зуҳур сар пас кашид, ки саги маст ўро дида ғуррида бошад. Якбора ғалмағал шуд: ба назар саги бегонаеро ҳама сагон пахш карда, баробар хоиданд. Зуҳур сар аз тори девор баланд кард ва дид, ки сагон болои ҳам хойхояк доранд ва маълум нест, ки кадоме кадомиро хояд. Садои пасти саге меомад, ки зери пои сагон чаҳор дасту пояш боло, барои наҷот фарёд мезад. Ба назари ў чунин намуд, ки сагон онро низ ҳамчу асп шикам дарида, аввал дилу ҷигарашро канда хўранд, сонӣ лахту палахт карда ҳар сў андозанд. Яқин кард, ки саги гурусна худро ба маслух зада, ба ҳақи сагони дигар зомин шуда, ба бало гирифтор гаштаст. Зуҳур хуб тамошо кард, садо набаровард, то сагонро рамонда, аз тамошо намонад. Тамошо барои ў лозим буд, то рафъ гардад ҳама андешаву хастагиҳо.
Тамошояш дерёз буд, беихтиёр аз сари девор сангеро канд, миёни сагон андохт. Санг ба тахтапушти саге зад; вай иринҷос зада аз давра баромад ва сагони дигар тахдидеро пай бурда, сар аз набард бардоштанд; саги чаҳор дасту пояш боло чунон мехобид, ки аспи ў зери дандони Саманд хобида буд... Сагон ду-се қадамӣ пас рафта, ҷо-ҷо чукка заданд. Ҳар қадом ба таври худ меғуррид, ба якдигар дўғ мезад, таъкид мекард, ки пеш нараванд – яке ҷунбад, ҳама баробар меғурриданд. Саги хирссурати рў ба рўи Зуҳур ак гуфт ва сахт ғуррид, пойҳои қаткардаи пасашро бардошт, ки ба ҷаҳидан омода бошад. Зуҳур ҳаросид, санги дигарро гирифт, то бар фарқи сари саг занад, танаш ларзид, вараҷа гирифт, ки дар ин ғояти шаб сагон ба ў ҳамлавар гарданд, хомталош кунанд. Ба дасти чапаш низ санг гирифт. Аз таваккал ба сари саги хеста санг андохт, санг нарасид. Саг дандон гиз карда, ба таҳдид гузашт ва майли ба девор ҷаҳидан кард. Сагҳои дигар ҳушёр шуданд. Сагон на барои он ғурриданд, ки таҳдидашон мекунад, барои он дарафтиданӣ буданд, то луқма нарабоянд. Зуҳур чунин феъли сагонаро хуб медонист, барои ҳамин тарсид, ки бо сангу чўб онҳоро аз сари лоша дур кардан муҳол аст. «Ба лонаи занбўр чўб нахаланд». Бо вуҷуди он санг ба пешонии саги бедор андохт. Фиғони саг баромада, канор рафт ва сагони дигар ҳаросида, ҷой иваз карданд ва баробари ба қафаси шиками асп даромадани саги реза сагҷанг сар шуд. «Талоши нафс» аз дил гузаронд Зуҳур ва андешид, ки ҳама бало аз нафс аст. Лаҳзае андеша кард, гўё маслуху сагон аз назараш дур шуданд, одам шудан хост, аммо ғуруре дар вуҷудаш ҷўшид: «Зиндагӣ ҷои талош аст. Тавону дар намон...»

пешина
аз 421
навбатӣ