Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маслухро дида, вазъаш ноҷўр шуд, худ аз худ чашмонаш кўрмуш гашта, чизе нагуфта боздаромад, ки аз чизе огоҳ набошад.
...Вале шаби дароз хобаш набурд: «Аз як ҷониб омад кунад, аз ҷониби дигар Худо мегирифтааст». – аз дил гузаронд ва ба гирогиру садои хойхояки сагон гўш дода, дар ҷогаҳ ғел гашт, ки ин чӣ пешомад аст? Номуборак кӣ бошад? Писараш, духтараш ё набера? Ё худаш ё замона?.. Ба ҳар ҳол замона на. Ў аз замона шод аст: ўро амини деҳа хонд, нав кордаш рўи равған омад, аммо...
Садои ғурру фиши сагон, ба ҳамдигар дарафтидану хоидан на танҳо ўро, балки деҳаро аз хоб мононда буд. Базми сагон ба гўши ў нафорид, балки ҳар садоро ҳақорату дашном донист. Хост калтак бардошта, онҳоро зада, пароканда кунад, хушаш наомад.
«Чӣ хел? Чӣгуна асп аспро чунин кушад? Ақли кас намегирад, гўё мактабашро хонда бошад». Фоҷиа аз пеши чашмаш дур намешуд ва бовар намекард, ки чунин – дар як лаҳза мурдан мумкин бошад; нақшааш пешакӣ кашидагӣ барин... Ғел гашт рўи бистар. Ноором ва фароғате надошт. Паҳлўтар писари камақлаш ҳар гоҳ нимхобу нимбедор мегуфт:
— Додо, биллои азим, кучукҳо аспа хўрданд!
Аммо Зуҳур худро ба хоб зада ҷавобе надод, зеро ҳоло ҳам ба писар зуъм дошт; гумонаш ҳама нохушиҳо аз ў сар зада. Баъд дами ў дарун зада, садои хур-хураш баромад. Зуҳур хоб будани ўро дониста, оҳи вазнин кашид: «Худовандо, чӣ корам ба ту хуш наомад?» Гўш дод, диққат кард, ки аз гўшае ҷавобе меояд ва албатта мегўяд, ки кирдори бо усто Қодиру писараш кардаат...
— Мардак, Норӣ зинда, намурдааст... – паст гуфт зан. Мунтазир буд, то мард чӣ гўяд. Дурудароз хомўшӣ буд...
— Ба назари ман ҳам...
Боз хомўшӣ шуд. Гўё ҳама чиз ба коми сиёҳи шаб фурў рафта буд. Сагҳо низ сер шуданд ё гўшт тамом гашт, ки овозашон намеомад.
— Мо тамоман каси дигарро гўр кардем... Норӣ дар паси гарданаш нор дошт. Наход, ки об он холи нимранги тукмаосои ўро шуста, сафед карда бошад? Ман бовар намекунам...
— Бовар намекунам, – талха дод Зуҳур, – Шумо ҳам оча! Кобед, ёбед! Ба ҳамин кор ҳам ман ҳамроҳ шавам? Ҳолӣ мардум чӣ мегўянд? Ба сари беваи усто Қодир рафтааст, мегўянд... Ҳасрат дар ҳамон ҷо, очеш ҳам он ҷо будагист? Дигар куҷо меравад?
— Гўрсўхтаи Моҳбиро ҳарчанд фан кардам, нашуд. «Надидаам»
мегўяду ҷонаша халос мекунад...
Зуҳур рўпўш дур андохта, ҷаста хест, ҷома сари дўш бурун рафт. Ба сардии ҳавои охири зимистон эътибор надода рўи боғ гашт. Гўё номи Моҳбиро гирифтани занаш ба ў нафорида, чунин рафтор карда бошад, дар асл дилаш ба танг омад, васвос барин парида хест.

пешина
аз 421
навбатӣ