Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фурсат поида ўро рабудааст. Лекин чун бурд, ки садои Ёдгор набаромад? Шарифа ғам хўрд, ғамӣ шуд, сари девори мазор рафта, ҷониби гўрхона нигоҳ карда, садо дод, ўро суроғ кард, дарак наёфт. «Ку тозон кўча бирав, дараке ҳаст ё не. Мардум миш-миш доранд ё не!» Сангин тозон кўча рафт, Ҷўра як бори дигар гирду гўша ва роҳи рафта омадаашонро аз назар гузаронд... Сангин хабар овард, ки кўча оромист, Зуҳур роҳи қадом меҳмонро мепояд.
Ва ин ҳама якҷоя шуда ба сари Шарифа бало овард: ўро ба қозихонаи деҳа кашиданд. Шарифа ҳамроҳи писаронаш рў ба рўи қозии хушдастор, ки тарзи бастанашро аз қозиҳои Бухорову Самарқанд омўхта буд, ба по меистоданд ва Абўмуслим як бор фаши салларо сила кард ва аз он ақлу адолат пайдо мешудагӣ барин ба сухан даромад:
— Хў-ўш, ту оҷизаи усто Қодир ҳастӣ?
— Ман оҷиза не, зан ҳастам, модар ҳастам!
Абўмуслим ба мирзо, Зуҳур ва чанд тани дигар, ки Шарифа барои чӣ даъват шуданашонро намедонист, тааҷҷубангез нигоҳ карда, китф дарҳам кашид: «Осӣ метобад-ку?»
— Хў-ўш, саиба... ту шариатро хуб медонӣ, надонӣ, фаҳмонем, ёд диҳем... Аз рўи каломи шариф шумо пошикастаҳо ҳақу ҳуқуқ надоред, ки ба рўи мардон давед ё ҳарфи онҳоро ду кунед... Хўўш, саибаи усто Қодир, бигўй, ки Норинисо бинти Абўзуҳур арўси хонадони шумо буд, куҷо шуд?
— Худои таъоло фармудааст дар каломи шариф, ки занҳо дар дунё ҳақу ҳуқуқ надоранд, ҳарчӣ мардон гўянд, равост. Ва фармудааст, ки иззату эҳтироми қозиву қозикалон ба ҷо оварда шавад, – қозӣ чӣ фаҳмид, ки фаши дастор каф зад. – Ман бояд ба арзи шумо расонам, ки Норинисо арўси даргоҳи мо набуд, чанд лаҳза меҳмони хонаи мо буд...
— Дамата гир, қанчиқ! – миёни сухани ўро буррид Зуҳур. Қозӣ «хап шавед!» гуфту монд ва Шарифа суханашро идома дод:
— Ва хуб мешуд, ки куҷо шудани Норинисо бинти Абўзуҳурро аз Зуҳур мепурсидед... Ў бо ду дасти адаб духтараштро ба хок супурд. Шумо ва дигарон худойиашро хўрдед, инак аз ман мепурсед, ки Норинисо куҷо шуд?
Абўмуслим ба Зуҳур нигарист ва Зуҳур безобита шуд.
— Қозии шариатпаноҳ, ў туҳмат занад, худам ба ду чашмам дидам, ки набераам – Ҳасрат дар хонаи ўст. Пас, модари ў низ бояд он ҷо бошад!
— Қозии калон, шумо мусулмонед?
— Алҳамдулиллоҳ!
— Пас бигўед, ки ягон мурда зинда шуда, аз гўр баромада, ба хонаи падар ё шавҳар омадааст?
Қозӣ ба ҷавоб душворӣ кашид ва боз ба ҳозирин нигарист.

пешина
аз 421
навбатӣ