Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Масалан, – идома дод Шарифа, – ба болои шумо даҳ ман хокро бор карданд, даҳани лаҳадро чимбаст карданд, шумо он хокро бардошта...
— Даҳоната пўш, аз даҳонат барояду ба гиребонат часпад!!!
— Аз мурдан метарсед, лекин аз Худо наметарсед... Ман аз мурдан наметарсам, аз Худо метарсам!
— Осӣ! Русиёҳ! Дузахӣ! Бехудо!.. Ба думи асп бандед ўро!!!
Ҷўраву Сангин, ки то алвақт аз суханони модарашон ҳайрон буданд, ба ҳаяҷон омаданд, шўриданд якбора, то бар сари қозӣ мушт зананд, вале модар ба ишораи даст онҳоро ором кард.
— Шумо подшо нестед, ки ҳукм бароред... Агар надонед, бояд бидонед, Худо донад ва подшоҳ низ бояд донад, ки шавҳару писари ман ба хидмати подшоҳ рафта… ва агар ба арзи ў расонам, ки дар ин ҷо номусулмониҳо мекунанд, линги шумо, қозии зархарид, аз осмон меояд... лекин ҳоло сабр мекунам, то аз осмон чӣ ояд.
Агар аз Худо некие нашавад, худам чорае андешам... Ба қавли раммолзан замини мо ҳамчу киштӣ рўйи об лаппад. Агар бандагони осӣ густохиҳо кунанд, ғарқ шавад он киштӣ.
— Қозии олам, ба шумо гуфтам-ку, ҳаққи ин бева – думи асп,
– ҳукми дилхоҳашро пеш овард Зуҳур. – Касе надонад, то аз қозии олам чӣ пеш ояд, аммо ин зоғи даҳансиёҳ мегўяд, ки замини мо рўи об мелаппад. Як зоғи даҳансиёҳ мурад, гапе не... Охир одамони мўътабар ҳастанд дар ин дунё.
— Ҳо, зоғи даҳансиёҳ мурад, гапе не, лекин ту мурӣ – гап.
Замин сер мешавад аз мурдаи ҳароми ту.
— Ман бо ту хархаша намекунам, домонам расад, буррида мепартоям... лекин имон дорам, ки қозӣ ҳукми одилона мебароранд...
— Рост, як одил туву як одил – қозӣ...
— Чӣ рўинатан ҳастӣ, занак, усто чӣ гуна бо ту умр ба сар бурд? – сар ҷунбонд қозӣ ва идома дод: – Ҳа-а, инак фаҳмидам, ки чаро вай бечора ин қадар шаҳр ба шаҳру деҳа ба деҳа мегаштааст.
— Чизе, ки намедонед, нагўед, қозӣ. Ман назди шумо барои гилаву гузор ё таънаву надомат наомадаам... Ман як одами аз зиндагӣ сер ва аз ҷон гузаркарда; на аз об метарсам, на аз оташ, на аз қозӣ метарсам, на аз амин... Иддаоятонро гўед!
— Иддао? Чӣ иддао дорам? Тарафдори адолат ҳастам.
— Рост бошад, ҳақиқатро рўи об бароред. Чӣ хел ба мурда даъво кунанд, ки ман ўро дуздидаам. Ман ўро дуздида чӣ кор мекунам? Каси аз даргоҳ рондаро магар боз дуздида меоранд?
Магар шумо дар ҷанозаи ў набудед?
— Будам, будам!
— Пас чӣ хел ба ҳарфи ин муддаии муттаҳам бовар мекунед?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо