Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Медонам... Аз дасти ту ҳам коре намеояд... Туро зуд нобуд карданашон мумкин... Маро ҳеҷ кор карда наметавонанд...
— Не, оча! Дарранда ба гўсфанду буз баробар дарафтад...
Шумо фармоед, ман кори дилхоҳатонро кунам...
Модар сар афшонд. Оҳ кашид:
— Не-е-е, ин кори ту не... Бурҳон мешуд...
— Бурҳон меояд, оча. Одамон аз Мирбадали мазорӣ пурсидаанд, гуфтааст, ки ҳама зиндаву саломат, шаб ё саҳар меоянд...
Шарифа дар роҳи дашту миёни деҳа савори Саманд намегашт, то мардум нашиносанд. Буд-набуд рўзе ў коре кунад, ки ягон зани дунё накарда бошад. Мардум саворро мард хонанд ҳам, Самандро шинохта, кӣ будани соҳибашро аён созанд. Аз ин рў вай дар роҳҳои кўҳӣ гардад; аз чашми мардум дур – дар ҳамвориҳои Алафпая, пушти шахи Гаҳвора асп тозонад; ҳамчун таковарон дар този асп ба замин хам шудану рабудани маслухро ёд гирад; зери рону тасма гардондани чизи аз замин бардоштаро омўзад ва дар бозгашт, ки ҳамроҳи Саманд шалпар шудааст, тори зин пинак рафта, пиндорад, ки аз назди боғи Зуҳур гузар кунад ва ўро сари роҳ дида, якбора асп монда, ҷонибаш равад; даст ҳалқа гардонда аз гулўву гардани ў гирад ва дар този рамуздори Саманд сари Зуҳурро дар қоши зин бандад, танаашро зери рон гирад ва оҳиста ба забоне, ки Саманд фаҳмад: «ҳу!» гўяд. Саманди рамузфаҳм аввал резачорпо гардад ва якбора ба пеш ҳавола хўрда, чорхез гирад, бодсуръат равад... Пойҳои Зуҳур ба кўрсангҳои роҳ бархўрда, харош ёфта, хуншор гардад. Аввал ў мардигарӣ карда тоқат кунад. Баъзан сар фаровардан нахоҳад. Ҳар лаҳза «ха-айр, ха-айр...» бигўяд ва пой бардорад, то ба сангҳо барнахўрад. Бинад, ки аз вазни гаронаш сар канда мешавад, боз пой ёзад, то ба гардан камтар зўр ояд...Ў сари Самандро дар миёндаштӣ раҳо мекунад.
Саманд гўш хобонда, сари нисбатан хурдашро пеш ёзонда, гўё бол бароварда тозад. Шарифа чунин хоҳад – хоҳад, ки Саманд зудтар ба Дупула расад ва ў вақти аз рўи пули Калон гузаштан ин махлуқи бетабъро ба рўд афканад... «Не, рўдро ҳаром кардан хуб нест...»
Саманд ба фарози Зонушикан расид. Шарифа ба худ омада, сар афшонд: «Сабил мон!» хаёли хомро дашном дод ў. Лаҳзае пеш беҳушона аз бало раҳо ёфт. Ба худ омада дид, ки «Бало» дар пеш аст. Ва аз ҳамин лаҳза Зуҳур барои ў Бало шуд. Зан пушти боғ пиёда шуд. Аспро ҷилав кашид...
...Оташи танўр аланга мезад. Шарифа сари Балоро кунда сурат миёни оташ дошт, то сўзад; рўд обхез шуд, Шарифа Балоро байни селоби бало афканд, то кундаосо барадаш; дар деҳа бузкашӣ шуд, Шарифа Балоро ҳамчу маслух миёни тўдаи аспон андохт, то чортоқ кунанд – чордаррон кунанд; ўро аз сари бораи Сагкуш афканд, аз сари кўҳ парронд; дар бистари хобаш хафа карда кушт; банги девона дода девона кард; мағзи сари хар дода, бехотир гардонд; сеҳр кунонду ҷоду...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо