Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Сахт, ки ин қадар ҳавои сари зин мекунанд... Ҳавои асп хуб, лекин аз сари асп паридан – нохуб. На ҳар савор ҳавои онро бардошта тавонад.
Ин дафъа ў чашми Самандро набаста савор шуд ва ба Ҷўра фармуд то фарозро баромадан ҳамроҳӣ кунад. Ҷўра, як тарафи ҷилав дар даст, гузаргоҳи мазорро убур карда, ба домани фароз расиданд ва рафти ҳамвори Самандро дида, фармуд, то Ҷўра нўги ресмони даҳанаро сар диҳад, то бинад, асп чӣ рафторе кунад.
Ҷўра панҷа суст кард ва гашти Саманд дигар шуд; то алвақт сар яктарафа карда, даҳана хоида, аз даҳон кафк резонда мерафт, ҳоло рост ба пеш нигариста, озод қадам гузорад. «Тез сар фаровард, заруратро ҳис кардагӣ барин» аз дил гузаронд Шарифа ва зуд пушаймон гашта, ба шахҳои баланд чашм дўхт, то ин фикрро аз сар дур кунад; гумонаш ба Саманд чашм мерасида бошад.
— Инак сар те!
— Не, оча!
— Сар те, сар те! Ҳадисашро ёд гирифтам.
— Хайр, ана! – ҷилавро сар дод ва расани сарафзорро дароз дошта, хоҳиши модарро ба ҷо овард писар. Ва аз канор медид, ки модар чун пою рикоб ба танаи асп пахш кунад; зонувонаш на мардона, балки занона – аз ду канори зин часпидаанд; ҳарду дасташ дар кўҳаи зин ва рафту Саманд тозад, ў ҷилав кашида натавонад.
— Дастатонро аз қоши зин гиред... Озод истед!
— Чунин, ки медонистаӣ, чаро савора накардӣ?
— Медонаму наметонам...
— Ҷуръат надорӣ, тарсат зиёд... Аз тарс мурод ҳосил нашавад.
Ягон баҳодур ба роҳи раву биё сафар накардааст. Ҳамаашон ба роҳи раву наё рафтаанд... Ҷасуронро Худо мададгор аст, буздилонро – шайтон!
— Чӣ зарурат афтода, ки...
— Чӣ зарурат? Намедонӣ? Ту падар надоштӣ? Бародар падоштӣ? Куҷо шуданд онҳо?
Ҷўра дигар чизе напурсид. Хомўш мерафтанд. Суми асп дар роҳи теппа гум-гум садо медод, ки зераш кўзаи холӣ бошад. Саманд сар фароварда бо роҳи ноошно қадам мезад ва мисли онҳо андешаманд буд. Ҷўра фикр карду фикр ва матлабу муроди модарро ба таври худ дарёфт. Ба хулосае омад: коре, ки ў бояд бикунад, модар ба ҷо оварданист:
— Шумо Зуҳурро бад дидаед, оча!
— Магар ту нағз дидаӣ?
— Ман ҳам бад дидаам, лекин илоҷ надорам...
Боз хомўш монданд. Саманд аз пеши худ ба уреброҳа гашт, ки аломати мондашавиаш буд. Шарифа банди андеша ин чизро пай набурд, вале Ҷўра бандро кашид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо