Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Марди мусофир, сафар бахайр! – домсозӣ кард Бало.
Савор лом нагуфт, то асрор ҳувайдо нагардад; ҷилави аспро чапрў тофт, зеро шоҳидон ҳастанд, кораш барор нагирад. Бало тез гашт, то аз ҷилав ва ё рикоби ў дорад. Савор метавонист маҳмез зада ва ё тозиёна бардошта, гашти аспро тезонад, аз ў раҳо ёбад, аммо номардӣ пиндошта, аспро бероҳа карда, мерафт. Бало ҷаҳида пеши Самандро гирифт. Саманд рамида паҳлў рафт ва боз равон шуд. «Дигар чунин фурсат нашавад... Баҳона ҳаст: пеши аспро гирифт». Гўшаи чашм ба Бало андохт ва тозиёна ба дасти чап гирифт. Омода шуд ба чангол зада гиребони ўро доштан. Дил ба тапидан даромад чун дили дузди ноомўхт. «Куҷо мебарӣ ин аспа?»
зери лабу дандон ғуррид Бало. Савор яқин кард, ки корро яксара бояд кард: ё гурехта раҳо ёфт ё зери рон гирифта... Тоқаташ тоқ шуд. Чанг заду аз паси гиребони Бало дошт ва пеш кашида ба рикоб ҷафс кард; зўр зад, то зери рон бигирад. Бало вазн ба зер андохт. Савор маҳмез зад. Саманд гашташро тезонд. Бало кашола шуд. Зўр зад, то ҷома аз тан барорад, натавонист. Қомат рост карда баробари Саманд тохтан хост ва ба тавалло даромад:
— Пеши потон мурам, беодобӣ кардам... до-оре-ед! Са-ар теед! Ҳа... ҳа... ма-а хизмататона ме...
Савор ҷилави Самандро кашид, гашташ суст шуд. Бало пеш омад. Савор чолокӣ карда, ўро зери рон гирифт. Дудаста сахт дошт: «Ҳу!» гуфт. Бало як ларзид, ки садо ба садои кӣ монад.
Дастони ўро як назар. дид, ки дасти паҳлавонро намонад... Чорхез гирифтани Саманд нагузошт, то ў дар ин хусус андешад... Ҳамон хаёле, ки Шарифа рўзи аз паси шахи Гаҳвора баргаштанаш карда буд, имрўз амалӣ мешавад...
Саманд тохт. Аз пас расораси Саманд омаданд, садо карданд, тезтак шуд асп. Пойҳои Бало ба кўрсангҳо бархўрда, азоб дод; нафасаш танг шуда, забони тавалло надошт, аммо мехост, ки таваллову зорӣ кунад, ҳар чиз ваъда диҳад ва гўяд, ки дигар ба хонадони усто Қодир кордор намешавад... Афсўс, ки ҷон бар лаб омада ҷои ҳама гуна суханро гирифт.
Савор пай бурд, ки мадори Бало рафта, худдорӣ карда натавонад; вазн андохт, кашол шуд.
Саманд метохт. Гўё аввалин бузи аз тўда баровардааш буд.
Маслухи вазнин, ки ҳафтае пеш кушта ба об хобонда бошанд...
...Ва коре шуд, ки ақл бовар накунад: ду тан аз миёни дарахтони Боғи Гарон баромада, пеши роҳи ўро гирифтанд; як зан ва як кўдак. Савор кўдакро шинохт. Гашти Самандро суст кард ва маслухро ба замин афканд. Чунон ки бузкашҳо бузи мурдаро ба марра партофта, аспро боз тозиёна зананд, Самандро тозиёна зад, ҷониби Дупула...

пешина
аз 421
навбатӣ