Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷуссаи Бало чанд ғел гашта, пеши пои онҳо қарор гирифт.
Ҷавонзан ангушт газид. Писарак ҷуссаи сарлучи беҳаракатро дида ҳайрон ба модар нигаристу ба ҷисми ором. Нафаҳмид, ки ин ҳама чӣ маънӣ дорад. Кўдак Самандро шинохт, саворашро ҳам, аммо ба модар чизе нагуфт; гумонаш ў ин кору ҳолро намедонад.
Ҷавонзан Нории ба ном мурда ҷуссаи оромро рўи роҳ хобонда, аз рўи шунидаву фаҳмидааш гўш бар сари дили ў ниҳод, ки равон дорад ё на, нафасаш рафта меояд ё на? Ў чизеро пай набурд, лаб газида гиряи дарунӣ кард: лабонаш пир-пир парида, сўрохиҳои биниаш фарохтар шуда, абрўвонаш аввал гирифтаву сонӣ боло гашта, гирист. Худро гунаҳгори фоҷиа дониста, аз зинда будан пушаймон гашт; ҳама чизро, ҳама ҳолро, ки медонист, аз карда норозӣ, дандон ба лаб фурўтар дод... Ў ҳамаро медонист: қиссаи мурдану ба хок рафтанашро, сўгвории падару модарро, гуфтори падару Шарифаро... ва ҳайрон, ки чаро зинда? Хубтар набуд, ки дар ғору камар нагардад, дар оғилу каҳдони мардум нахуспад, дар гўрхонаи мазору хонақоҳ ҷой нагираду мурад? Худдорӣ карда натавонист; лаб сахттар газиду фарёд дар гулў боздошт, дил кафам-кафам дошт; якбора чун тир садо баровард ва ба рўи падар афтид... Писарак низ аз садои модар тарсида фарёд зад ва ҷониби деҳа равон гашт. Модар ўро боздоштанӣ шуд, аммо ҷуз ишораи даст коре карда натавонист. Писар ишораи дасти ўро надид. Сўйи деҳа рафт. Аз пеш омадани ду танро дида, баргашт.
— Натарс! – писарро ба банди дил пахш карда гуфт Норӣ.
— Кистӣ? Аз куҷо пайдо шудӣ? – баробари расидан пурсиданд онҳо.
— Худи шумо кистед?
— Меҳмони амин...
Норӣ дигар нигарони пурсу посух нашуда, паҳлўи ҷасад нишаст.
Либосҳои ҷандаи ў ҳайрон кард эшонро. Маънии нигоҳи онҳоро Норӣ дарёфт ва хост худро печонад, ғунчатар кунад, то порагиҳои поҷомааш натобад. Бархоста гурехтанӣ шуд, вале андеша кард, ки буд-набуд онҳо ба амин гўянд, ки як духтару як писарак пайдо шуда ба мурдаи ту гиристанд, баъд ҷониби Офтоббаро рафтанд.
Ҷандапўш, харобу лоғар, пўсту устухон аз кулли башар рўй тофта, гурезад, ҷамолашро ба мардум нишон додан нахоҳад.
Ў нигарист ба падар. Риши кўтоҳзадааш зебе намебахшид, балки ба хуну хок оғишта ях таккаи ҳароммурдаро мемонд...
Оҳиста - оҳиста нафасаш омад: мушакҳои дастон, рўй ва гарданаш андак-андак ҷунбиданд. Норӣ нигарон буд, ки боз каме истад, чун падар чашм кушода, бинадаш, пасон равад...
Вале ҷониби деҳа ғалмағал шуд: кўдакони тезтаку чолок пешопеш, калонҳо аз пас ғирев карда омаданд; чунон ки деҳаро тороҷ карда, гурехта бошанд ва онҳо дер огоҳ гашта, таъқиб кунанд, то рабударо бозгардонанд.

пешина
аз 421
навбатӣ