Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лекин ту ёд дорӣ, ки қозӣ ба зане ҳукми раҷм бароварда бошад?
Шарифа: – Агар занон гуноҳ кунанд, ҳоҷат ба ҳукми қозӣ нест.
Онҳо қатлгоҳ доранд – гирдоби зери Дупула қатлгоҳи онҳост.
Қозӣ: – Бигзор ҳамту бошад... Лекин он савор чӣ гўён ба хонаи ту омад? Ба чӣ ният аспи туро бурд? Маълум, ки он вақт писаронат сари Дашт буданд ва ин корро накардаанд. Он асптоз кӣ буд?
Шарифа: – Ба рост бовар накунед, дуруғ гўям? Усто Қодир!
Қозӣ: – (фарёд зада) Кадом мурда зинда шудааст, ки усто Қодири ту шавад?
Шарифа: – (Нориро намуда) Магар ин духтарро падараш нагўронда буд? (Ба Норӣ) Бигў, духтар, магар аз ҷаври падар худкушӣ накардӣ?
Норӣ сар фурў дод ва гирист, аммо ҷавобе нагуфт.
Шарифа: – (Ба қозӣ) Ва шумо ба ҷанозаи ин духтар нарафта будед?
Қозӣ: – (Саросема) Рафта будам, рафта будам...
Шарифа: – Чунон ки мебинед, ў зинда... Пас, чаро усто Қодир зинда нашавад? Дар дасти қозист: хоҳад, зинда мегардонад, хоҳад
– мурда... Инак ман савол диҳам, мумкин?
Қозӣ: – Боз савол ҳам дорӣ? Ку гап зан!
Шарифа: – Вақте ки усто Қодирро, ҳам писарашро бо хоҳиши амини деҳа ба кадом гўшаи олам фиристоданд, қозӣ касеро бозпурс накард. Имрўз, ки ба амин осеб расидааст, қозӣ беваю бечораро амон надиҳад. Ин аз рўи адолат ё фармуди Худост?
Қозӣ: – Ту, аврат, на танҳо худатро, моро ҳам дар назди Парвардигори ҳаждаҳ ҳазори олам осӣ мегардонӣ!
Шарифа: – Хуш, шумо чӣ хоҳед ва ман чӣ бояд кунам?
Қозӣ: – Бояд бигўӣ, ки асптоз кӣ буд?
Шарифа: – Гуфтам-ку, ман будам!
Қозӣ: – (Ба хашм омада) Ҳукми раҷм!
Дили Шарифа ларзид. Норӣ ҳам як қад парид. Писарони Шарифа бархостанд. Қозӣ аз онҳо чизе напурсид. Мурофиа поён ёфт.
Фардо баъди намози одина ҳукми қозӣ бояд ба иҷро расад: дар Санглохи миёни боғи Зуҳуру хонақоҳ мардум бояд Шарифаро сангсор кунанд.
Мусулмонони деҳа дар масҷиди Миёна намоз гузорда, ба Санглох омаданд, то сангсор шудани зани усто Қодирро бубинанд.
Сангҳои селоварди замони қадим аз рўи фармуди касе чида ва ҷо-ҷо тўда карда шуда буданд, то гирифта ба сари Шарифа андохтанаш осонтар бошад, вале аз саҳар боз Ҷўраву Сангин миёни тўдаҳои санг истода, мунтазири омадани додгару додхоҳ ҳастанд, то ба ҷои модар эшонро сангсор кунанд. Вале аз кушандаҳо дарак нест. Кўдакони деҳа дур-дур истода, Ҷўраву Сангинро ақлбохта пиндошта, бо ҳар гуна нағма масхара медоштанд. Сангину Ҷўра зеҳннишин мекарданд онҳоро ва чизе намегуфтанд, ки рўзе мерасад ва онҳо танбеҳ хоҳанд дид.

пешина
аз 421
навбатӣ