Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ҷўра рў ба боғи Зуҳур, Сангин рў ба Хонақоҳ истода, ду самтро муҳофизат карданианд; самти шимолу ҷануб гўё бодгузар бошад, холист. Мардони намозгузорда сари Санглох омаданду бозистоданд... Аз қозӣ, аз Шарифа ва аз додхоҳон дарак набуд. «Шояд додгустар ҳукм дигар карда бошад?» ба ҳамдигар мегуфтанд онҳо ва китф дарҳам мекашиданд, ки чунин рухдод аз имкон берун. Қозӣ чӣ дорад ба Шарифа, ки ду давр боз ҳукмашро дигар мекунад; он гоҳ обрўи қозӣ чӣ шавад?
Шояд ин кор аз Боло шуда бошад. Шавҳару писари Шарифа мардикори Оқпошшо.
— Ҳой мусулмонон! Магар мо тавонем як бечоаро аз чанги бало раҳо кунем? – садо омад аз байни издиҳом. – Ёдатон ҳаст, ки Исо пайғамбар зани зиёнкорро бо як сухан аз ҳукми раҷм раҳо кард. Гуфт: «Ҳар кӣ дар умраш гуноҳ накарда бошад, нахуст ба ин зани осӣ санг андозад!» Сар андохт ва сар бардошт, ки ҷуз зани гунаҳгор дар наздаш касе нест. Ва фармуд: «Эй зан, ту низ бирав, ки гуноҳе надорӣ!»
— Аҷаб русабӣ ҳастӣ, эй мард! Магар ҳарфи мо ҳарфи пайғамбарона аст? Ҳукми қозиро танҳо подшоҳ тавонад дигар кунад!
— Эй беақл, ҳукми халоиқ зўртар аз ҳама гуна ҳукмҳост! Агар халқ Исоро пайғамбар нахондӣ, Исо ҳеҷ будӣ.
Санглох ғалмағал шуд. Мардум хонахез меомад, ки бузкаширо медида бошад; ҳамдигарро тела дода, пеш мегузаштанд, то аз наздик сангсор шудани Шарифаро бинанд. Бештар онҳое пеш омаданд, ки санг андохтан мехостанд – онҳо касоне буданд, ки чунин «рўинатан» будани зан, сарлучу аспсавор шудан, мардро зери рон гирифта буз кашидан, худро мард оростани занро раво намедонистанд; занро махлуқи паст мешумориданд... Ва онҳо миёни тўдаҳои санг ба ҷои маҳкума писарони ўро диданд, ки яке рў ба офтоббаро, дигаре рў ба офтобнишин сокиту хомўш буданд пушт ба пушт.
«Говро монда, гўсоларо мекуштаанд, рав биист!»
«Гов худат, худат рафта ист!»
Ва дастогиребон шуданд ду тан... Тарафгирон пайдо гаштанд ва мардону ҷавонон ба ду гурўҳ ҷудо шуда, чунон занозанӣ карданд, ки на либос монду на рўи соз – ҳама дарида ва ё харошёфтаву хуншор буданд.... Қозиро лозим меояд, ки боз як мурофиа кунад.
Занозанӣ дар Санглох сар шуда, то домони деҳа рафт; назди боғи Зуҳур, паҳлўи қозихонаро гузашта поён рафт, зеро яке мегурехту дигаре таъқиб мекард; яке санг меандохту дигаре пушт гардонда, даст ба сар мениҳод, то санг бар сар нахўрад – ба тахтапушт, паси гардан, думба, пой бархўрад, боке нест, лекин ба сар занад, ҳаёт коста гардад. Ба ҷои санг пой ва зонуи ҳариф ба думғозаву думбаи марди гурезон бармехўрд, ки таҳқир дониста мешуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо