Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— А, Моҳбӣ, ҳамин зиндагӣ ба кӣ лозим?
— Ман ҳаминро пурсиданӣ будам, Шарифабону... Худо, ки халқ кардааст, лозим будааст-дия, хоҳ-ноҳоҳ зиндагӣ бояд кард:
ману шумо барои азоб, онҳо барои роҳат, мову шумо – маймун, онҳо – маймунбоз... усто Карим худаш нағз сохтагӣ, чунон сохтагӣ, ки... тўба кардам... Ман набошам, мардони деҳа дар бораи кӣ ҳарф зананд? Киро масхара кунанд? Шабу ними шаб дари киро кўбанд, ки духтарамонро наҷот деҳ... Одами бесоҳиб бо нохун чоҳ канад ҳам, қадр надорад...
— Шумо одами хушбахт, Моҳбӣ... Аз пасатон мегўянд, гуноҳатон мерезад. Фардо рўзи қиёмат аз Пули Сирот кафтар барин гузашта меравед.
— Ҳамин одамҳо мемонанд, ки кас бемалол гузарад? Аз поятон дошта мекашанд... Кафтар-а, монанд, ба пои худ гузарем, хуб аст. Дар ҳамон ҷо ҳам амину қозӣ будагист-дия? Мемонанд, ки аз онҳо пеш гузарӣ?
— Рост. Хурўс дар ҳама ҷо як хел ҷеғ мезанад...
Садои чўбтарошӣ омад. Шарифа шунидани садои гумгаштаро умед надошт. Аз ин рў ба ситорачаҳои пушти дег дерёз диққат дода, гўш андохт, ки садои ошно меояд ва ё монанд ба он. Ахтарони ахгарини пушти дег мисли ситорапари осмон мепариданду пайдо мешуданд ва ўро ёд меомад, ки ин чизро моли қўтани бобо мегуфтанд ва ў низ ба фарзандонаш чунин омўхтааст. Ҳамин ки ин холҳои сурхак дар сиёҳии пушти дег пайдо шуданд, онҳо ба шумор медаромаданд: кам, зиёд... моли бобо кам мондааст, мегуфтанд....
Шарифа як чўбакро гирифта, аз осмон ситора метарошидагӣ барин чанд ситораро афканд, ки ба дуд табдил гашта, нобуд шуданд.
Ва боз гўш ба садои чўбтарошӣ дод, ки садои чўбтарошии киро монад. Баччагона буд ин садо. Ва ў ба дари ошхона омада, як назар Сангинро дид, халал нарасонида, сари дег рафта, нонро рў гардонд, то пушту рў баробар пазад. Пасон садои потешазании усто Қодирро ёд овард: усто Қодир рўи чўб баромада, аз як сар пай мезад ва баъд муқобили пай потеша зада, синҷу сарсинҷу болорро чортарош мекард; ҳангоми потеша задан пои чапашро мебардошт ва китфонаш боло мешуданд, то потеша ба чўб фурў наравад, балки ҳамвор тарошад... Ҳоло Шарифа андеша мекунад, ки Сангин ҳамин усулро надонад.
— Ба ман деҳ!.. Дар вақташ гуфтам, ба кори падар нигаред, ҳама аз паи буд-буд тохтед. Гумон надоштед, ки рўзе ин касб лозим мешавад...
— Мо гумон надоштем, ки падарамон...
— Ҳо, ман ҳам гумон надоштам... – рўи чўби арча баромада, домонашро нифа зад ва ба кафи дастон андаке туф карда, аз дастаи дарози потеша дошт ва ёд дод: – Ана ин хел: нўги потеша набояд фурў равад, бояд ҳамвор тарошад; пои рост пеш, вақти потеша задан пои чап бардошта мешавад ва китфон ба қади дастаи потеша боло, – қоматашро боло бардошта нишон дод ў.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо