Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

– Аз Худо гилаам ҳамин, ки маро мард насохт... Аз сари чўб то нўги чўб метарошанд... Кай Самандро меорӣ?
— Каме сабр кунед, Зуҳур гузарад...
Потешаи ба чўб задаро набардошта, ба Сангин нигарист модар.
— Ин чӣ гуфтагиат?
— Сари сакарот, мегўянд...
Шарифа рўи чўб нишаст. Вазн ба зону андохта, ба андеша рафт: «Наход ҳамин гуноҳ ҳам ба сари ман бор шавад?» Ҳис кард, ки панҷае сари синаи чапашро мушт мекунад ва дилаш фишор мехўрад. Зайле ки касе зери кашаш дошта озод бардошта бошад, ҷаста хест:
— Гуноҳ не, савоб аст!
Сангин хайрон, ки модар дар бораи кадом гуноҳу савоб мегўяд.
— Гуноҳи кӣ? Савоби чӣ, оча?
— Гуноҳи худам! Ман онро савоб медонам, аммо Худо чӣ фармояд?
— Бе амри он султони ҳақ барге наафтад аз дарахт, мегуфтедку, оча. Пас ин чӣ хел гуноҳ мешавад?
— Гуноҳ, гуноҳ, саропоямон – гуноҳ, ҳар қадами мондаамон
– гуноҳ! – баланд гуфт модар, ки писар аз роҳи бад бозмедошта бошад. – Гуноҳ накунӣ, зиндагиат хуш намегузарад... барои зиндагии хуб гузаронидан пургуноҳ будан лозим.
Сангин кинояи модарро нафаҳмид. Ҳеҷ гоҳ чунин таълим намедод: он замон ба ростӣ мехонд, ин замон ба гуноҳ тела медиҳад.
Барои он ки модарро дар ҳолати нобоб нагузорад, дергоҳ ба потешаи рўи чўб нигарист.
— Гуноҳи хурдон – хурд, гуноҳи бузургон – бузург, – исбот кардан мехост суханашро модар. – Шутур калон, заҳмаш ҳам калон.
Ва Сангин ба потешаи калон ва тешаи хурд нигарист, ки кори онҳо низ чени ҳаҷмашон: «Чӣ хел? Гуноҳ накунӣ, зиндагиат хуш намегузарад? Дуздӣ кардан лозим? Ғаррӣ кардан лозим? Чуниндия?» аз дил гузарон Сангин ва сахт ба модар нигарист: «Ин чӣ таълим аст?» Аммо ҳарфи ботинии ўро модар нашунид.
— Не, ту ин корро намекунӣ, чунон ки бобот накарда, чунон ки додот накарда буданд. Ту ҳам ин корро намекунӣ. Ба ту дунёӣ лозим не, шикамат сер шавад, кифоя... Дуздиву ғарриро касоне кунанд, ки аждаҳо барин ҳама чизро фурў бурдан хоҳанд… Дунёро бин-э, як кас хабар намегирад. Ҳол он ки вақти усто зинда будан аз хона меҳмон канда намешуд; ҳатто худи усто набошад ҳам, аз ҳавливу ҳарамаш хабар мегирифтанд, кўдаконашро мепурсиданд...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо