Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ҳамин қадар мағал ба сарамон омадаасту касе намепурсад, ки чӣ ҳол дорӣ.
Шарифа барои ҳамин ба Моҳбӣ эътиқод дорад, ки гоҳ-гоҳ аз дараш медарояд: ё қисса мегўяд ё хабар меорад. Ва дар ин миён як бор омадани Бихалифа то ҳол оромаш нагузорад; ҳоло ҳам сабабашро надонад. Шояд чизе гуфтанӣ буд; баъди бадномии Шарифа аз раъяш гашт. Ба ҳар ҳол эшону тўраҳо қозиву аминро бештар ҳурмат кунанд нисбат ба одами оддӣ... Бо вуҷуди он Шарифа мехоҳад, ки Бихалифаро бинад. Бинаду дардашро гўяд; қиссаи бадномиро шарҳ диҳад; кори бо Зуҳур шударо гўяд ва аз забони ў шунавад, ки ин кор гуноҳ аст ё савоб?
Шарифа як дег об гарм кард. На барои он ки аз ташвишу даву ғеҷи олам танаш қарқ бастаасту шўяд, балки барои он ки тозаву покиза шуда ба назди Бихалифа равад. Дари даҳлезро тамба монда, дар ташнови кунҷак оббозӣ кард. Барои тасаллои дили хеш чунин кард ва ба ақидаи худ покиза ба даргоҳи Бихалифа рафт... Аммо дари дарвоза ноумед шуд:
Чун ҳамеша баробари ба ҳалқаи дарвоза даст расонидан фиғони саг баромад ва Гулсифат сагро хап карда ба дарвоза омад. Дарвозаро кушода, баробари Шарифаро дидан бозпўшид... Ҳарфе лозим набуд. Шарифа ҳама чизро пай бурд... Кўҳро ба дўшаш бор карданд. «Ҳама гапу калочаҳо рост будааст... Бадном шудаам».
Шарифа аз пушти дарвоза дур нашуд: «Шояд барои рухсат рафта бошад?» Садои ғурриши саг баромад. Ба дарвоза мезад худро. Ҳама чиз аён шуд барояш. Зуд дур рафт аз дарвоза. Рўи санги сиёҳи лаби рўдхона нишаст. Таги дилаш сиёҳӣ баровард.
Дуру дароз ба оби софи шаффоф зеҳн монда, андаке дилашро равшан кардан хост, вале ангошт, ки дуде андаруни дилаш сайр кунад; боло равад, даруни қафаси синааш пур шавад; даҳонашро талх гардонад; гулў гирад; меғосо пеши чашмашро гирад ва дуди бало ҳамчунон бардошта шуда, ўро ба ҷое барад, ки ҳама гунаҳгорон, осиён ва рўсабиҳо умр ба сар баранд...
Як панҷа об зад ба рўяш. Ҳамтарҳаш аз оинаи об гум шуд.
Гуморид, ки оби сард ба танаш равон бахшид. Хост ҳама чизро як лаҳза фаромўш кунад, ҳама суратҳо аз назар дур шаванд. Дар дунё ҷуз об чизе набошад; на обсофкунакҳои беқарор, на кафлесакҳои думафканда, на ҷомаи сабзи ғук... Аммо... Боз фоли дар косаи об дидаи раммолзан пеш омад ва хаёл кард, ки аз чунин зиндагӣ оламро оби азов пахш кунад, хубтар аст. Боз як панҷа об зад ба рўяш. Оби кўлмак лаппид. Моҳичаҳо гурехтанд, кафлесакҳо низ ва обсофкунакҳо чунон таниданд, ки кирмвор дароз метофтанд.
«Наход мурад-а? Одам мурад, дили кас ганда шавад... Аз осмон ситора паррад, барги дарахт канда шавад, гўши одам салот кашад... Ба мурдаи ў дили ман насўзад ҳам, дилҳои месўхтагӣ ёфт шаванд... Наход мурад-а?» Як мор моҳии хурдро уреб гирифта буд андар даҳон, аммо фурў дода наметавонист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо