Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Оча-эй! Аком омаданд!
Шарифа баргашта ба ў нигарист. Ҳайрон буд, ки акош кист.
Пурсид:
— Ҷўра?
— Бурҳон!
Шарифа сар ҷунбонд. Бовар накард. «Ман аз барои ў Зуҳурро куштам». Ҳамин қадар аз лавҳи хотираш гузашт ва гўё санг гашт.
Ҳарчанд ҳаракат кард, ки худро дорад, калавид. Чашмаш сиёҳӣ зад. Сангин ўро дошт. Ва пай бурд, ки чунин тани рўин Зуҳур барин марди сояхуспро кушта тавонад.
— Ҳушёр истед, оча, одамон гузаранд! Хонаатон пури меҳмон, шумо ин ҷо гардед.
— Меҳмон? Мурдаи Зуҳурро монда, меҳмони мо шуданд мардум?
— Ҳо, хонатон пури меҳмон!
— Мурдаи Зуҳурро монда-я?
— Намурдааст Зуҳур, дурўғ!
— Намурдааст? Боз дурўғ…
Фурў нишаст модар. Дарёфт, ки ҳама моҷаро дар пеш аст...
Вале дидори писар ғолиб омад. Бархост. Пиндошт, ки тифлаки сафедаки фатиламўяшро ба оғўш кашаду бўяду бўсад... аммо мардеро дид дар либоси дигар, ки як вақтҳо усто Қодирро дида буд.
Либоси ин мард озодатар, навтар, шинамтар ҳамчу ҷавониаш.
— Очат мурад!
Аз садояш ба тани худаш, ба тани Бурҳон ва ба тани ҳозирон раъша давид. Бурҳон хештанро сўйи модар андохт. Ва ҳарду ноҷунбон шуданд. Атрофиён гиристанд. Чунин гиря барои дидор набуд; барои хориҳо, барои зориҳо... нокасиҳо, номардиҳо, аз барои умри даргузар, ки аламаш ин қадар зиёд аст; барои дунё, ки дасисааш одамкуш аст; хор дорад одамро, залил гардонад занро, ба тўҳмат нобуд созад мардро; дар шиками модарон, дар гаҳвора кушад тифлонро... Вале ашки модарро ба ягон чиз нисбат дода нашавад.
Ашки ў ашки замин аст, ашки осмон аст – ашки Худовандӣ. Гўё ҳама чизро фаромўш кард модар: оламро, одамро, зўрро, зорро, золимро, мазлумро... ҷуз ростӣ, ки нест завол онро...
Бурҳон сар бар дўши модари қоматбаландаш монда истод; гиря накард. Дарёфт, ки писар ўро ёд карда, хумор гирифта, дурудароз сар ба китфи ў монданист, то ором гирад, ки дар ғурбат дилаш афгор гаштааст... Дигарон гумон доранд, ки Бурҳон барои мурдаи падар гардани модар гирад, дарун-дарун сўзад. Модар худдорӣ кард. Дастони ба тахтапушти писар пахш кардаро бозгирифт ва ба сару рўи Бурҳон зеҳн монда хандид. Фақат дандонаш намуд
– хандаи талх. Чеҳраи дар назар хандонаш гирён буд. Чунон талх буд хандаи модар, ки Бурҳон худдорӣ карда натавонист...

пешина
аз 421
навбатӣ