Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Дар асл гиристан намехост. Вай рафиқашро, ки андаке пушттар мунтазири пурсупосухи модар буд, нишон дод. Ишорат кард, аммо чизе гуфта натавонист: гулўи гирифтааш, гиряи ба ғамбода гашта нагузошт, ки шинос кунад. Як донаки сахти дар гулў андармонро фурў бурданӣ шуда, қозвор гарданак зад, ёзонд, базўр садо баровард:
— Умар – писари Ниёз-кончӣ!
Модар аз либосаш донист, ки ҳамроҳ будаанд, вале ҳарфи Бурҳон қиссаеро ба ёди модар овард: қиссаи Ниёз-кончиро. Шарифа шинохт Умарро ва даст пеш ёзид, то ҳамчу Бурҳон пазироӣ кунад. Бўсид аз пешонии ў. Умар низ ҳамчу Бурҳон сар бар китфи модар ниҳод ва садои паст баровард: «Чӣ ҳол доред, оча?»
— Худоро шукр, зиндаем...
Шарифа барои он чунин гуфт, ки зинда намонданаш ҳам мумкин буд... Вале андешааш ҳоло дигар аст: «мурдаи додоро донад ё не?» Лабонаш беист парранд, ҳамчу тани ларзон, ки ба хостан боздошта натавонӣ. Гунгона ҳама ҳарфу дархосташро фаҳмонад ба ишораҳо: Марҳабо ба рўи кўрпача, марҳабо ба дастархон, хуш омаданд, нури дида, тоҷи сар...
Либоси тоза, дурраи баланд, рўи озода, кавши сари по, ки усто оварда буд, модарро дигаргуна нишон медод. Ё дар афсона мебинанд ўро ё мактабдида аст ин зан.
— Омин, қадам расид, бало нарасад!
Даст ба дуо бардошт Амини ҳамсоя ва Шарифа гўшонашро сахт ба кафи даст пахш кард, ки ҳозир оят мехонад аз Қуръон ва ба рўҳи усто Қодир бахшад; фарёди талхи Бурҳон боло шавад: «Додо, додо! Додои зиндаҷудою мурдаҷудоям, додо!» Вале ҳамсоя як ба Шарифа нигаристу чашмак задани ўро дида хомўш монд. «Овоз набароварданд, фаҳмондан нахоҳанд» аз дил гузаронд ҳамсоя.
Аммо садои Ҷўра баромад аз дарвоза:
— Додом-э, додом-э, хонаҳоро чўл кардед, додом-э!
Шарифа дам ба дарун гирифт, ҳамсоя ҳам дам ба дарун буд, Сангин нафас фурў медошт, Умар ҳам, дигарон низ; фақат Бурҳон устухони дар гулў фурў мондаро зўр зада берун овардан хост; ҳамон устухон, танҳо устухон дорад роҳи нафаси ўро. Модар мижа таҳ кард, на барои он ки ашкаш шорад, балки барои он ки Ҷўра нафасашро гирад. Аммо Ҷўра дар дами дарвоза, ки аз ин ҷо натофт, доси алафдаравӣ паҳлўи сутуни дарвозахона гузошта, ду даст аз миёнбанд дошта «Во алам! Во додом!» гўён овоз баровард.
Шарифа ин чизро намехост. Намехост чунин пешвоз гирад писарро. Мехост аввал аз дидори писар сер шавад, ҳолу аҳвол пурсад, пасон дар омади сухан гўяд, ки падарат барои шумо шуда, дашт ба дашту кўҳ ба кўҳ гурехта омад ва...
Бурҳон карахти карахт шуд, аз нигоҳи Умар ҳам чизе нафаҳмид.
Бархост. Дигар тоқат карда натавонист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо