Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ғарази ман ин аст, ки ту нияти сафар дорӣ, модарат розӣ нест.
— Модарам гуфт ин ҳарфро?
— На. Ман модари туро баъди марги Файлақус надидам.
— Пас, аз куҷост огоҳии шумо?
— Аз феълу ройи модарат. Модари ту ҷангро дўст надорад...
Туро дўст дорад. Ҳар коре карда барои ту карда... Тахту бахтро барои ту муҳайё сохта... ва ў орзуи авранг надорад, туро аврангзеб мешуморад... Вай танҳо аз Файлақус қасд ситонд...
— Шумо низ тасдиқ мекунед, ки падарамро модарам кушта?
— На. Ман ин чизро намедонам... Ҳамин қадарашро медонам, ки Олимпиада низ шоҳдухтар буд, ўро дар ятимиаш хор доштанд. Файлақус ўро хортар гардонд... Олимпиада илоҷи дигар надошт...
— Пас миш-мишу овозаҳо ростанд?
— Ман нашунидаам... Ҳамин қадар мегўямат, ки Олимпиада зани оддӣ нест.
— Эҳтиром доред ба ў?
— Бале.
— Эҳтироми ў низ зиёд аст ба шумо...
— Агар ў набуд дар миён, мо устоду шогирд набудем.
— Ғараз аз ин ҳарфҳо чист, Устод?
— Ту бояд ба ҳарфи ў гўш диҳӣ, аз гуфтааш сар натобӣ.
— Ў чизе гуфт ба шумо?
— На. Чунон ки фармудам, ман ўро баъди марги Файлақус надидаам.
— Пас ман набояд ба ҷанги Порс биравам?
Устод посух надод, балки ба андеша рафт, ки шогирд сахт дошт, ҷавоби ин суол саҳл нест. Устод ба гардан гирифтанӣ нест раъй ва ё ради ҷангро.
Кулбаи танги Арасту, ки аз он бўи ранги тоза меомад, Искандарро гулўгир шуд. Бадар рафтан мехоҳад, аммо сўҳбат ба дигар маҷро рафт. Мурод аз омадани шоҳзода дигар буд. Ўро ҳамроҳ бурданӣ буд ба ҷанги Порс, вале Устод инони суханро сўйи дигар метобад. Давоти тоза, пархома ва коғази рўйи миз гувоҳ аст, ки Устод андешайи офариниш дорад. Баъди достони Геракл боз чӣ меофарида бошад. Чаро Искандар ўро бо худ набарад, ки достони бемаргиашро биофарад, чунон ки достони Гераклро. Вале чун изҳор кунад андешаашро?
— Устод... Ман зиёд андешидам, бояд ба ҷанги Порс биравам...
Арасту сар бардошт, дергоҳ андешаашро зоҳир накард, балки нигарон буд, ки Искандар боз чӣ мефармояд. Искандар, ки ин замон шогирдиашро аз ёд дода, шоҳиву тахту тоҷ пеши назараш буд, фармуд:

пешина
аз 390
навбатӣ