Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Роҳи дигар нест...
— Чӣ роҳ ҳаст, ки роҳи дигар набошад?
— Ҷанг...
Арасту рўй тофтанӣ шуд, вале андешид, ки Искандар аз касони бехирад нест, шояд боздоштанаш аз роҳи ҷанг илоҷе дошта бошад.
— Чӣ бурданд онҳое, ки ҷангиданд?
Чун Искандар чашмдор набуд чунин пурсро, гиреҳ афтид миёни абрўвонаш, ки Устод сода аст: нури чашм рехта, мағз об карда, хуни дил хўрда рўз мегузаронад, аммо ба сайру саёҳат баромада, хушу хуррам умр ба сар бурданро раво намебинад. «Наход ин пири хирад нафаҳмад, ки шоҳон барои чӣ меҷанганд?»
— Шоҳон бо худ чӣ мебаранд ба гўр? – шогирдро тагкобӣ кард, ки ў муроди Устодро нафаҳмида бошад.
— Инро шумо бояд хуб донед, Устод.
— Донистайи ман бо донистайи ту рост намеояд, мехоҳам бидонам, ту чӣ андеша дорӣ?
— Дунёро бидуни ҷанг тасхир кардан нашояд...
— Чӣ зарурате дорад, ки кас дунёро тасхир бикунад?
— Кадом шоҳ орзуйи забардастӣ надорад?
— Муроди маро нафаҳмидӣ, Искандар... Бигзор тасхир кунад дунёро, ҷаҳонгир шавад... Оқибати кор чист? Чӣ мебарад ба гўр?
— Магар подшаҳон баройи ба гўр бурдан меҷанганд? Подшаҳон меҷанганд, ки хуш зиндагӣ бикунанд.
— Ту ба ман шоҳеро бигўй, ки ҷангида хуш зиндагӣ карда бошад.
Ба андеша афтид Искандар, ки аз шоҳон, аз қаҳрамонон, аз худоён якеро ном барад, ки хуш зиста бошад, ёдаш наомад. Крон, писари ў Зевс, писари ў Геракл ва ҳама қаҳрамонони асотирӣ ва ҳатто нимхудоёнро, ки аз афсонаҳо медонист, ном набурд. Ва ё забонаш нагашт, ки бигўяд: «хуш зистанд».
Искандар он чӣ дар дил дошт, ба Устод гуфта натавонист.
Ошуфтаву парешон баргашт. Чун шогирд Арастуро бояд эҳтиром бикунад ва чун шоҳ амр. Вале роҳи дурусти корро дарнаёфт. Ба модараш ҳам чизе нагуфт... Ба тарабхона даромад. Ҳама ёронро фаро хонд. Гетерҳоро низ даъват кард. Ба таббохон фармуд беҳтарин хўрок омода созанд ва ба айшу нўш пардохт. Базми шоҳона буд. Вале ҷуз Искандар мақсаду муроди нобаҳангом ороста шудани базмро касе намедонист. Шоҳи ҷавон озмуне гузарониданӣ буд, ки шоҳиро метавонад ё на. Фармон додаву сомон карда метавонад ё на...
Чун сархуш гашт, ба ёдаш Устод зад. Қомати миёна, каллаи вазнин, чашмони андешаманд, гуфтори бамулоҳизайи ўро пеши назар овард ва якбора хашм гирифт ва бад дид. Устодро бад дид, устодеро пештар, то ба курсӣ нишастан, ҳавасу орзу дошт, ки мисли ў бишавад.

пешина
аз 390
навбатӣ