Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳзодайи хурдсолро он қадар азиз дошт, ки ҳатто нагузошт ҳамроҳи хоҳараш Олимпиада биравад.
Вале чун хоҳар бирафту додар монд ва амак Арибба ба хотири Олимпиада ҳокими Эпир дониста шуд, шоҳзодайи бемаснадро боз хор дошт.
Хабари хориҳойи бародари хурдсол расид ба хоҳар. Малика аз шоҳ Файлақус дархост, то бародарашро аз шиканҷа ва азоби панҷайи сангини Арибба бурун орад. Шоҳ аз нав лашкар кашид ба Эпир. Забт кард мулкро.
Олимпиадайи кинавар ва пур азоб кашида аз дасти амак, қасд ситониданӣ буд баройи хориву зориҳояшон. Чун аммро дастгир карданд, Олимпиада аз Арибба бозхост бародари хурд-солашро. Малика бародарро пайдо кард. Шоҳи Эпир хонданд ўро. Ва Ариббайи золиму бадкешро ронданд аз кишвар... Олимпиада гўё осуда шуд.
Ва он сол – ду ҳазору се саду чиҳилу ҳашт сол муқаддам – дар шаҳри Пеллайи Мақдуниё тифле ба дунё омад, ки решааш ба нимхудой Геракл ва қаҳрамони беназир Ахилл мепайваст. Шоҳ Файлақуси II ва малика Олимпиада ба эҳтироми қаҳрамони миллӣ шоҳ Искандари Аввал писари навзоди хешро Искандар хонданд.
Олимпиадайи огоҳ аз гирўдорҳойи рўзгор ва дилу нияти шоҳони бадкеш хавф дошт аз шавҳар, то мабод, ки чун худойи Осмон Крон баччахўр бошад. Аз ин рў тифли навзодро чунон эҳтиёт мекард, ки худойи Замин Рея Зевсро. Модари мушфиқ писари шуданиашро на танҳо ба бегонагон нишон намедод, балки ба падараш ҳам аҳён-аҳён рух менамуд: «Хоб дорад; доя шустушў мекунад» баҳона меовард модар.
Олимпиадайи мардсират дар ғайби шоҳ андар Мақдуниё хешро чун шоҳзан менамуд ва давлатдорӣ карданӣ мешуд. Аз ин рў, чун дарёфт, ки ба тарбияйи кўдак даст надорад, беҳтарин дугонааш Ланикайи некгуҳару нексириштро доя пазируфт. Ланика чун Олимпиада аз хонадони бошараф буд, хеле озодаву баҳуш менамуд ва тарбияйи некў дошт. Меҳрубониҳойи зани ҷавону бофаросат Искандари хурдсолро мутеъ кард. Ланикайи меҳрубон бар ивази некийи Олимпиада ва ҳурмату сипоси дугонагӣ мехост Искандарро хубтар парвою парасторӣ бикунад. Он чӣ доя аз рафтору ҳаракатҳойи тифл мушоҳида мекард, модар дарёфта наметавонист.
Ланика пурхўрӣ ва беқарорийи кўдакро зери назар дошт, аммо ба касе чизе намегуфт, то заҳри чашм нагирад. Ва рўзе аз мушоҳидайи хеш шаммае ба Олимпиада арза дошт:
— Дугона, ба назарам, Искандари мо ду дил дорад.
— Чаро чунин гўйӣ, Ланика?
Ланика чӣ гуфтанашро надонист. Ва баройи он ки ғаши модарро наорад, фармуд:
— Зеро ў ду модар дорад.

пешина
аз 390
навбатӣ