Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Пушаймонӣ дорад, ки чаро нарафт ба роҳи устод, балки аз ў пурсон шуд иксири бемаргиро...
Боре Файлақуси II баройи фурў нишондани исёни юнониён рафт. Ҳамзамон дар музофоти кўҳистони Мақдуниё низ балво хест.
Мақдуниёни ватанхоҳ лашкар кашиданд ба кўҳистон. Искандар чун вориси шоҳ сарварӣ кард дастаро. Чун шўриш ба осонӣ фурў нишонда шуд, Искандар пирўзийи нахустро тантана кард ва он мавзеъро ном ниҳод: Искандарӣ. Чунин ҳол хуш омад шоҳзодайи ҷавонро ва пиндошт номаш ҷовидона бимонд, чунон ки мехост.
Биандешид аз боби бемаргу анўша будан. Назди устоди доно омад ва пурсон шуд:
— Устодо, чизе ҳаст андар ҷаҳон, ки инсон бихўраду намирад?
Арастуйи бохирад посух бидод:
— Ҳаст.
— Чист он?
— Оби Ҳаёт.
— Дар куҷост Оби Ҳаёт?
— Андар паси кўҳе, ки Хуршед бармеояд.
...Ва Искандар лашкар кашид сўйи Офтобнамо ба умеди ҷовидонагӣ. Ва мераваду меравад ҷуз хуни резон чизеро дарнамеёбад ва гоҳе борону барф хунин метобанд дар назараш. Кушторҳо мекунад, сўхторҳо мекунад; зар меёбад, зевар меёбад; дунёйиву сарвати зиёд гирд меорад; қаламраваш фузун мегардад; ҷаҳонгарду ҷаҳонгир шуда, аммо пайдо набувад Оби Ҳаёт. Хашм гирад ба Устод: «Фирефта маро». Ёд меораду иқрор мекунад, бузургтар аз ў касеро надида. Ба умед лашкар пеш барад сўйи Ховар, шояд ки рўзе чун Геракли диловару дилогоҳ ба мурод бирасад. Дунёйи воқеъийи хешро афсона мепиндорад Искандар. Ва чун модари мардхўро ёд меорад, дармеёбад, ки заминист. Олимпиада чун модашери хашмӣ дар Пелла бар интиқоми нангу номус аст. Писар ёд меорад модар Олимпиадаро, ки замоне ҳамчу имрўз бекасу кўй монда буд. Искандар чунин маълумотро аз ҳикояти модараш дарёфта, ки шаҷараашон ба Ахилл расад аз риштайи модарӣ. Олимпиада ҷавон монда аз падари ҷавонмаргаш. Шоҳдухтар хурд буд ва бародари шоҳзодааш хурдтар. Чун ятимони кўчак наметавонистанд давлатро идора кунанд, амакашон Арибба ин хидматро бар дўш гирифт. Арибба додарзодагонро хор дошт. Ятимон илоҷе надоштанд раҳойӣ аз балоро. Гиряву сабр обу донашон буд...
Ва он замонҳо шоҳи Мақдунӣ Файлақуси II лашкар кашид ба Эпир. Забт кард вилояти Юнон Эпирро. Пирўз омад дар ҷанг.
Ва шоҳдухтари зебо Олимпиадаро дида, шефтаву шайдойи ҳусни ў гашт, гирифт ба занӣ. Аммашон Ариббайи золим, ки давлати падари онон гирифта буд ва хору залилашон медошт, акнун хушомад мезад ба шоҳзодагон.

пешина
аз 390
навбатӣ