Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Ман ба шоҳи ҷавон лозим шудаам? – пурсид аз сарбоз.
— Бале... ва филфавр...
— Коре шуда бо шоҳи ҷавон?
— Инашро ба ман нагуфтанд, фармон ин аст, ки ман туро дар як они воҳид он ҷо бирасонам.
— Баҳ-баҳ! Ин корро Зевси барроқ ҳам наметавонад сомон бикунад.
— Чаро?
— Зеро аз лаҳзае, ки аз назди шоҳ то ба ин ҷо омадӣ, ҳазор они воҳид гузашт, то бо ман тую ман мекунӣ, боз ҳазор они воҳид мегузарад ва то боз ба назди шоҳ бармегардӣ, ҳазор они воҳиди дигар мегузарад...
— Донойийи туро ба ман гуфтанд, аммо бало буданатро нагуфтанд.
— Ва донистӣ, ки бало низ ҳастам?
— Ҳо.
— Ва ба шоҳ бирасон, ки ман вақти рафтан надорам, муаммое ҳаст, бояд ҳал бикунам.
— Шоҳ пурсад, ки чӣ муаммо, чӣ гўям?
— Бигўй, ки муаммойи мурдан ва агар одам намурад, чаро кушанд?
— Ту балойӣ, мардак... лекин балойиятро бо ман накун. Ман балойи бало. Баройи ҳамин шоҳ маро аз пайи ту фиристод. Донад, ки ба ҳарфам гўш надиҳӣ, дасту поятро баста бубарам.
— Боре зўре бо ман чунон карданӣ шуд ва ҳангоми сўям даст ёзидан дасташ хушкид...
Сарбоз сарфаҳм нарафт ҳарфи ўро. Ба андеша рафт, ки ин мард чӣ гўяд. Сар андохт, тарги вазнин ба пеш майл кард ва ба шасти пушт такон додани сар тоскулоҳ пас бурд ва рў овард ба Устод:
— Ту кистӣ?
— Ман? На шоҳ, на вазир, на сарпос, на сарбоз, на қотил...
инсони хокӣ...
— Ҳеҷ кас набудайӣ, пас чаро аз фармони шоҳ сар тобӣ?
— Чӣ фармон?
— Ба ман фармон шуда, ки туро бояд бубарам.
— Пас бубар! Киро нигаронӣ, чиро нигаронӣ?
— Ту гуфтӣ, ки ҳар кас ба ту дастдарозӣ кунад, дасташ хушк гардад...
— Бале, гуфтам... Аз афсонаҳойи шарқӣ гуфтам...
— Аз афсонаҳойи шарқӣ гуфтӣ? Мо ҳоло афсонаро ба чашми онҳо нишон медиҳем, афсонабофҳо! Магар онҳо ба ҷуз афсона чизе надоранд?
— Чаро надоранд? Ҳама чиз доранд. Агар надоштанд, шоҳи ту майли он ҷо намекард. Онҳо зарр доранд ва ин чизро шоҳи ҷавон дониста, падараш дониста буд, насибаш накард, акнун писараш мехоҳад он зарро ба каф орад...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо