Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ва ту намехоҳӣ, ки бо ў биравӣ ва низ зарр биоварӣ?
— На... аз он ҷо касе зарр оварда натавонад... Роҳ дур. То омадан моҳиён ва наҳангон ва девон фурў мебаранд ҳамаро.
— Афсона мегўйӣ?
— На. Ҳақиқатро мегўям.
— Ман забони туро намефаҳмам, бо як забони осмонӣ ҳарф мезанӣ, рамзу муаммо дорад ва шояд маънийи суханони туро шоҳзода фаҳмад, зеро мегўянд, ки дар назди олимони бузург таълим гирифта...
— Ва нагуфтанд, ки он олимони бузург киҳо буданд.
— Якеро гуфта буданд... Аристотел ё як навъи дигар, боз Демад, ки дарси ҳарб омўзонда... ана ўро таъриф мекунанд... аз тухмайи Геракл...
— Офарин! Ту низ бисёр чизҳо донӣ... Агар ин дониши ту дар сари дигаре бошад, девона мешавад, бале ба он сар, ки ин қадар борро бардорад.
Сарбоз завқ бурд ва Устод хушаш омад, ба чӣ мақсад омада буд, фаромўш шуд. Даст дод ба Устод, то биравад. Хандон бирафт ва аз нимароҳ бозгашт:
— Пас намеравӣ?
— На, намеравам. Ба шоҳзода бигўй, ки кори зиёд дорад...
— Албатта!
Устод ба андеша рафт, ки дар ҳаёташ як бор масхарабозӣ кард, масхара кард сарбози сабуксарро. Ва ў рафта чӣ мефармуда бошад ба шоҳи ҷавон. Магар ҳарфҳои беҳуда гуфта хашми ўро намеафзояд? Магар бойиси нохушийи тарафайн намегардад гуфтори қосид?... Азм кард биравад, то бидонад, ки чӣ ҳарфест.
Азмаш то остона пойид. Аз раъяш гашт. «Хуб аст, агар ба беша биравам... ба бешаҳойи кўҳистон, ки Искандар мардумашро нобуд кард... бале, ҷойи ман он ҷо, на боргоҳ...» Фалсафайи инсони озод ва сайру гашти озод, яъне машшоия. Устод дигар орзу надорад, инсон бояд чунин зиндагӣ бикунад, на чун ғуломи фармонбардор, боркаш.
Вале андешайи Устод поён напазируфта сарбози сархуш бозгашт ва садо баланд кард:
— На-а-а, ин ҷур намешавад... Ман туро бояд бубарам назди шоҳ, агар намеравӣ, саратро бояд бубарам...
— Сари ман фидойи чунин шоҳ! – киноя зад Устод ва даст ба сари синайи сарбози беандеша бурда ўро боздошт ва фармуд:
— Ту сарбози зиракӣ, аввал назди шоҳ бирав, бигўй, ки устодат чунин мефармояд: «сари ман фидойи чунин шоҳ» ва агар шоҳ фармояд, ки сараш биоваред, биёву сари ман бубар.

пешина
аз 390
навбатӣ