Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Чу лояқилон завқ кард сарбоз ва боз дартоз бирафт.
Устод бинишасту тахтапушт бар девори кулбааш такя дод ва ба фикр зад, ки чӣ метавонад бикунад бо чунинон... Ва ба сараш омад, ки бо Олимпиада гуфтугўй бояд кард, зеро хушфаҳмтар аст аз дигарон.
Ва мунтазир нашуд бозомадани сарбози сабуксарро. Бадар рафт. Ва баробари ба шоҳроҳи боргоҳ расидан пойгузориро суст кард. Боз ба андеша зад, ки равад ё на... Чашмаш ба он сарбози сабуксар афтод, ки ҳамроҳи ду тани дигар меомад. Сар ҳам кард ва оҳиста-оҳиста мерафт, ки сарбоз аз паҳлўяш гузашт. Нашинохт.
Ҳамраҳонаш низ нашинохтанд. Устод баъди чанд гом гузоштан ба пас нигарист ва аз дунболи эшон нигашт, ки башаст мераванд:
«Маро дар хона пайдо намекунанд, зану фарзандонро азоб медиҳанд ва маро фирорӣ эълон мекунанд».
— Эҳей! – аз пушти онҳо садо кард Устод. Онҳо нашуниданд ва ё аҳамият надода роҳашонро идома медоданд. – Эй мамлукҳо!
Онҳо баргаштанду нигаштанд. Устод сарбозро имойи даст кард. Сарбоз шинохт ва бозомад. Ва ҳамин ки нафасгардон буд, ба хашм гуфт:
— Мерафтем, ки пўстатро биоварем!
Устод табассум бикард ва бифармуд:
— Шумо қодир ҳастед ба ин кор, лекин ҳоло вақти чунин кор нест, маро ба назди Олимпиада бубаред.
Сарбозон ба ҳамдигар нигаристанд ва хандиданд:
— Дили ин ғариб чизе намехостааст.
— Ман ба назди Олимпиада омадам, на ба назди шоҳ.
— Хуб, мо фармони шоҳро иҷро кунем, он тарафаш кори ту.
Гом бизан!
Сарпос Устодро андар дами дарвозайи вазнину сангини қаср боздошт, тафтиш кард, зери кашу бағалу ҷайбашро даст-даст зад, чизе пайдо накарда, рухсати ворид гаштан дод. Вале Устод табассум мекард ба рўйи сарпос.
— Чӣ механдӣ?
— Механдам, ки агар ман чизу чора ва ё силоҳ медоштам, ба ин боргоҳ меомадам?
— Пас ин ҷо наомада, куҷо мерафтӣ?
— Ба кўҳистони дур... назди даррандаву чаррандаҳо.
— Чаро? Аз инсон мегурехтӣ?
— Ҳо...
— Ту чӣ касӣ, ки аз инсон мегурехтӣ?!
— На, ман ба назди даррандаҳо мерафтам, ки адабашон омўзам, то инсонро надаранд, накушанд, нахўранд...
Сарпос рамуз гирифт. Ва то ҳол, ки вонамуд мекард ўро нашинохта, бар дўши Устод даст гузошт ва хандид:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо