Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Зеботар буд, ширинтар шуд.
— Маро хостед, шаҳбону?
Шаҳбону гуфтани Устод баройи Олимпиада ҳарфи тоза буд ва хуш садо ҳам дод.
— Оре... Шумо дар ин даргоҳ чун обу ҳаво зарур ҳастед...
— Чӣ мушкилоте ҳаст?
— Мушкилоте нест... Танҳо гарданшахийи Александр. Чун фурсат танг аст, арз кунам, ки Александр ба ҷанги Порс омода мешавад, ман розӣ нестам...
Файласуфи бузург сар андохт, ангушт газид ва надонист чӣ гўяд ба шаҳбону. Ва ҷони хешро раҳо карданӣ шуд:
— Мо бо шоҳи ҷавонбахт дар ин боб гуфтугў карда будем...
— Чӣ натиҷа дод?
— Раъйи ў якест, бояд нақшайи падарро амалӣ гардонад.
Миёни абрўвони шоҳбону гиреҳ афтод. Ў намехост миёни сўҳбати онҳо номи Файлақус бошад ва ё ў чун падари Искандар ба забон ояд.
— Набояд ин ҷанг барпо гардад...
Арасту сар афшонд ва оҳи вазнин кашид:
— Ҳоо... набояд... вале Александри шумо чун тирест андар камон: агар напарад, осуда нагардад.
— Набояд парад, – беихтиёр гуфт шоҳбону ва мунтазири ҷавоби Устод хомўш монд.
— Пас шумо писари хешро намедонед, шаҳбону... Ў ба падар рафта: қайсар, саркаш...
Шаҳбону хандид. Устод тааҷҷуб кард ва бо аломати суол нигарист ба ў. Шаҳбону баройи он ки Устодро аз хиҷолат раҳо кунад, фармуд:
— На... Ў ба модараш рафта, хостааш бояд бишавад.
— Пас чӣ ҷойи шукру шикоят? Шумо ҷилави ўро боздоред.
— На. Ў танҳо ҳарфи шуморо гўш дорад.
Устод бовар накард. Бовар накард, ки қайсари Рум бо чунин хуни ҷавониву тундхўйӣ ҳарфи ўро гўш диҳад. Сар афшонд. Вале сар набардошта гуфт:
— На. Ў ба касе гўш надиҳад; на ба шумо, на ба ман. Ў баҳри дамон аст, мехоҳад тамоми соҳилро пахш кунад ва чун абр тамоми фазоро бипўшонад. Мехоҳад тамоми олам аз они ў бошад, мехоҳад ҷовидона бимонад... Аз пайи Оби Ҳаёт аст, ўро аз ин роҳ боздоштан муҳол.
— Ман шуморо баройи он хондам, ки аз ин роҳ ўро боздоред...
— Шумо маро хондед ё шоҳи ҷавон?
— Ман...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо