Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Арасту боз ба андеша рафт. Шаҳбону тааҷҷуби ўро дида пойи пешрафта паҳлў гузошт:
— Агар Александр ба ҷанги Порс равад, Мақдуниё нобуд мегардад.
— Чун? – гўё аз чунин гузориши шаҳбону Устод бедор гашта ҳайратзада пурсид.
— Зеро Александр дар Мақдуниё зиёдтар душман дорад, ки дар Порс.
Арасту дерёз таваққуф кард, то чӣ гўяд ба ин зан, ки беҳтар аз мардон дар ғами Мақдуниё ҳаст. Олимпиадайи рамузгир низ хомўш монд, то чӣ ояд аз Устод ва безобита шуд, ки чаро марди хирад зудтар посух намегўяд, то донад андешаашро, зеро ҳолиё Искандар бояд ояд ва сўҳбат маҷройи дигар гирад, ногуфта монад андешайи Устод.
— Шаҳбону намегузоранд, ки Мақдуниё вайрон гардад.
Ногаҳонӣ буд ин ҳарф ва шаҳбону рост ба чашми Устод нигарист ва маънидор сар афшонд. Вале Устод фарқ накард, ки шаҳбону чӣ мефармояд: ногузир будани вайронийи Мақдуниёро дар назар дорад ва ё аз ўхдайи ин кор набаромаданашро ишора мекунад. Чун шаҳбону тахмин кард, ки Устод маънийи сарафшонийи ўро дарнаёфт, лаб ба матлаб кушод:
— Ногузир аст... Дар шўразор дона кишт накунанд.
Арасту ин матлабро дарёфт, ки шаҳбону ба зўрӣ давлату кишвар сохтани мақдуниёнро дар назар дорад...
Ва Искандар ворид шуд ба кохи пазиро. Хандон буд, вале намедонист, ки чун муомила кунад бо Устод: ҳамчун шоҳ ва ё чун шогирд.
— Шодам, ки омадед, Устод.
— Минатдорам, ки андар маснади шоҳӣ маро аз ёд надодӣ.
— Шумо ҳеҷ гоҳ аз ёди мо намеравед, Устод. Ман тасмим гирифтам, ки бе шумо ба сафари Порс набароям...
— Ҷанги Порс нахоҳад шуд! – миёни сухани онҳоро бурид шаҳбону ва Искандар ҷиддияту қатъияти модарро дида табассум кард:
— Ҷанги Порс не, модар, сафари Порс.
— Чӣ фарқ дорад – сафар ё ҷанг... Фарзанд бояд назди модар бошад.
— Ман, ки дигар кўдак нестам, модар...
— Фарзанд назди модар ҳама умр кўдак аст. Ягон модар намехоҳад, ки фарзандаш пешмарг бошад.
— Устод, модар чӣ мефармояд? Магар ман ба пешвози марг меравам? – Искандар ба Устод рў овард, то ба модар собит гардонад, ки ў ба ҷанг на, сўйи бемаргӣ меравад: – Устод бифаҳмонед ба модарам ва гўед, ки ман танҳо намеравам, шумо бо ман ҳастед, дўстон бо мананд, сипоҳи Мақдуниёву Юнон бо мо...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо