Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Агар муроди ту чунин аст, ман бо ту наям! Ту дониву ақлу тамизат! – дастайи дарро дошта ва нимрўя пас гашта, гуфт модар. – Ман чун модар туро огоҳ кардам, ки ҷанг касеро ба мурод нарасондааст... Шод бош!
— Шаҳбону! – бархост Устод: – Александр гарчӣ шоҳ аст, ҷавонӣ дорад, хунаш меҷўшад, аминам, ки ҳама чизро хуб мефаҳмад, аз ҷанг даст мекашад!
— На! Ман аз онҳое нестам, ки аз ҷанг даст кашам! Кўдак низ нестам, ки «коко!» гуфта маро фиреб диҳанд. Ҳарфи мард якест!
— Ту донӣ, Александр! Ё ҷанг ё модар!
Искандар як лаҳза модар будани ўро биандешид, сар андохта, бо гўшайи чашм нигарист ва дид, ки модараш чун дарро ба ситеза аз паси хеш бипўшид.
Арасту ҳама ҳаракоти Искандарро медид, аммо нодида меангошт. Чизе нагуфт, то ўро парешонтар накунад ва ё ба оташи ғазаби ботиниаш равған нарезад. Вале Искандар безобита буд.
Намедонист чун нигарад ба Устод ва чун хештанро сафед кунад, ки модар ҳурмати шоҳийи ўро нигоҳ надошт. Андар гўшайи дил ва лавҳи хотири шоҳи ҷавон кина маъво гирифт ва дар умқи замираш бедор шуд меҳри падар: «яқин аст, ки модар кушта падарамро». Парешон гашт аз чунин андеша, ки Устод пай бурда пиндорашро. Нигашт сўйи ў. Искандарро бадиққат менигарист Арасту. Чун дид Искандар мутаваҷҷеҳ аст, сар афшонд вазнину бамаънӣ. Шоҳи ҷавон яқин кард, ки Устод дарёфта андешайи ўро.
Искандар намедонист чӣ гўяд ва чӣ пурсад. Вале мехост дарёбад маънийи сарафшонийи ўро, то чун рози ниҳон намонад. Аммо ғайри чашмдошти ў Устод фармуд:
— Иҷоза бидеҳ, то биравам.
Искандар гўё хуфта буд ва аз чунин ҳарфи Устод бедор гашт.
Ва ба маънийи рад сар ҷунбонд.
— Ман бояд биравам, Александр... Ин бозиҳо баройи ман нест.
— Чӣ бозӣ?! – андаке баҷуръат ва хашмолуд пурсид Искандар.
— Ҷангбозӣ.
— Шумо марди оқил ҳастед ва медонед, ки ҷанг кори бозӣ нест.
— Инро ман медонам, вале вақте ки баройи ҷанг шуда модарро меранҷонанд, ҷанг бозӣ мегардад.
Искандар ба фаросати хеш дарёфт маънийи сарафшонийи Устодро ва табассум кард:
— Сабаби ранҷиши шумо низ ҳамин аст.
— Чист?
— ... ки ман шаҳбонуро ранҷондам.

пешина
аз 390
навбатӣ