Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Мақдуниён баройи Юнон бегона нестанд, аммо порсҳо бегонаанд. Чунин аст, Устод?
— Оре, мақдуниён баройи Юнон бегона нестанд.
— Александр! Ҳар чӣ мегўйӣ, бигўй, ман мегўям, ки ҷанг раво нест! – бархост модар ва доманкашон сўйи дар рафт.
Чун Искандар медонист, ки ҳарфи шаҳбону якест, ўро аз роҳаш бознадошт. Бамавқеъ донист рафтани ўро, то бо Устод гуфтугўй бикунад ва «ҷанги Порс»-ро ҳаллу фасл гардонанд.
— Хуб нашуд, – сар андохта фармуд Устод, – шаҳбонуро ранҷондем.
— Осуда бошед, Устод. Шаҳбону одат кардаанд... бисёр касонро ранҷондаанд, баройи ҳамин аз ҳар ҷузъиёт намеранҷанд.
— Масъалайи ҷангу сулҳ ҷузъиёт нест... Баъдан ягон модар баройи ҷанг фарзанд таваллуд намекунад. – Бозистода фармуд модар.
— Чунон ки арз кардам, ҷанги Порс бебаҳс аст ва ҳар марди мақдуниву юнонӣ дар ин ҷанг бояд саҳм дошта бошад...
— На... агар марди бохирад аст, бояд пеши роҳи ин ҷангро бигирад.
— Ва шумо чун марди хирад пеши роҳи ин ҷангро гирифтаниед?
— Бале... Ман ҳаргиз тарафдори ҷанг набудам...
— Ройи шумо чунин аст, лекин Онаниюс барин касон аллакай саҳмгузорӣ карданд...
— Ҷанг баройи тоҷирону дуздону корчаллонҳо судманд аст, зеро баройи эшон миллат, давлат ва халқ вуҷуд надорад. Ҳатто «ватан». Баройи онҳо «гўр сўзаду дег ҷўшад».
— Гумон надорам. Зеро дар ҳар табаддулот онҳо маблағгузорӣ мекунанд.
— Бале... Онҳо аз табаддулотҳо метарсанд, баройи ҳамин мехоҳанд пешакӣ ҷонашонро бихаранд.
— Маълум, ки шумо тоҷиронро бад мебинед...
— На! Бад намебинам, чашми дидан надорам... Онҳо низ дар рўзгор лозиманд, хусусан дар замонҳойи ҷангу ҷидол, ки мазраъро поймол мекунанд, рамаҳоро аз дасти шубонон мерабоянд чун дуздон; дуздон хонаҳоро ғорат мекунанд, либоси мардумро аз тан бадар мегардонанд, гўшҳоро бо гўшворааш, ангуштонро бо ангуштариаш мебуранд, дандонҳоро бо тиллояш мекананд...
тоҷирон лозим ҳастанд, аммо онҳо судхўранд ва ҳеҷ гоҳ аз эшон некиву ростӣ барнамеояд.
— Шуморо баройи ин ҳарфҳо нахондаем, Устод. Муроди мо ҷанги Порс аст...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо