Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

аз ин рў насаби ман ба худоён мепайвандад...»
Хеле андешид Искандар, ки Устодашро чӣ гуна муаррифӣ бикунад ба ҳозирин. Ў медонад, ки ҳозирин ва олам кӣ будани Арастуро медонад, вале боз намедонад. Ў зиёдтар аз он, ки медонанд. Ва қудрат, заковат ва ақлу хиради Искандар низ намерасад, ки Арастуро шиносонад ба эшон. Сухан намеёбад баройи ин...
Вале ў якбора ҳаракате кард. Ангушт бардошт ва хеле хомўш монд... Пасон садо дардод:
— Бинавис, Коллисфен!
Бифармуду хомўш монд дерёз. Ангушташ ҳанўз дар ҳаво ва лабонаш ғунча буданд, якбора во шуданд:
— Бинавис!!!
Ҳама нигарон буданд, ки шояд ў шеъре гўяд ва ё фармоне.
Сараш хам, ангушташ боло шуд.
Олимпиада ҳамроҳи Ланика ба дар омад. Ҳолу аҳволи Искандарро дида дар ҳайрат монд, шарм ҳам кард ва гўё баройи ўро ба худ овардан фарёд кард;
— Александр!!!
Гўйӣ Искандар нашунид садойи модарро ва ё шунида, қасдан эътибор надод ва бипардохт ба сухан:
— То замоне ки Александр ҳаст, Устоди донишманд Аристотолиси бузург нафақахўри ифтихорийи мост!
Кафкўбӣ карданд. Олимпиада низ каф кўфта ба тарабхона ворид гашт ва назди Устод омада таъзиму табрик кард. Устод сар андохт сўйи Олимпиада, вале хиҷолат дошт, Искандар чӣ коре кард андар мастӣ. Магар ўро нотавон ва барҷомонда мехонад ва ё раҳмаш омада Устодро...
— Сипосгузорам аз карами шоҳи ҷавон, вале ҳоҷате набувад чунин корро...
Ва Олимпиада ҳарфи хешро нагуфта Искандар боз садо дардод:
— Хубтарин боғу ҳарами шаҳри Пелла насиби Устоди хирад бод!!!
Садою фарёди мастонайи мардум боло шуд. Мардони сархуш Арастуро озод рўйи даст бардоштанд, ҳаво доданд, ки сабқатбурда ўст. Олимпиада ҳаракати зиёд дошт ва даҳон во мекард, то ҳарфашро бигўяд, наметавонист. Арастуро гузоштанд андар миёна ва пас-пас рафтанд ҳама. Устод тире буд миёни ҳалқа, гўйӣ тири замин.
Нигарон буданд, ки бояд Устод чизе бигўяд. Худи ў низ бар ин андеша буд. Ғайричашмдошт бо ишорайи Искандар оҳанге бархост андар толор. Ба он гўшаи тарабхона нигарист Устод ва хашм гирифт, ки масхара мекунандаш, нигарист ба давра, то рахна пайдо шавад, биравад.

пешина
аз 390
навбатӣ