Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Аммо ҳалқааш гирифта буданд ва ҷойи гурбабаро ҳам набуд. Каф мекўфтанд то Устод бирақсад.
Ҳама ин корро бойиси ифтихор медонистанд, аммо сахт расида буд ўро. Намехост бирақсад. Сар андохт...
Девори ҳалқаи мардонро дарида, ду гетери соҳибҷамол дарун омаданд ва домон густурданд пеши пойи Устод, сар андохтанд ба эҳтиром. Касе нафармуда буд чунин эҳтиромро. Чун Устод бузург буд ва оламгир, чӣ удабову уламо, чӣ шоҳу гадо ҳама медонистандаш, гетерҳо низ; хурдон орзу доштанд бубинандаш, бузургон мехостанд дар сўҳбаташ бошанд. Рамуз гирифт Устод ва донист, ки мақсаду муроди шоҳи ҷавон дигар аст; сар бардошт, табассум кард ва дастон кушоду пасу пеш ёзид ва сари синааш ба пеш майл кард. Ҳайкалосо буд: дасти рости ў ҳайрат (чӣ муаммое)-ро ифода мекард ва дасти чапаш бар пушт коса гашта, ки касеро аз паси хеш бурданӣ бошад ва ё чун косахонайи чашм ин косайи дастро хок бояд пур бикунад...
Гетерҳо Тойису Эрис гирд мегаштанд даври ў ва ҳанўз Устоди ҳайкалсурат майле надошт ба пеш рафтан. Гетерҳойи соҳибҷамолу зирак фир мегаштанд, табассуму нозу адо доштанд ва бо ҳар нағмаву усул ҷон ато карданӣ буданд бар ин ҳайкал.
Чун Искандар асрори рақси самовийи Арастуро медонист, оҳиста-оҳиста мисли оташ ҷон гарифтанашро огоҳ буд, махмур менигарист сўйи ў; осема набуд, тамкин дошт ба ҳама ҷўшу хурўш, то чӣ ояд аз Устод.
Арастуйи зирак дарёфт, ки бофтаву сохтайи шоҳи ҷавон аст ин саҳна, рагу пайи хешро кашид, ба назараш ҷамъ шуд аъзойи танаш. Оҳиста дасти косаро боло бардошт, ки шамъи афрўхта баланд мекарда бошад...
Ва халал расондандаш: Олимпиадаву Ланика девори одамонро шикаста аз ду самти дигар омаданд миёни давра, таъзим оварданд ба Устод ва резагом чун оби равон ба рақс пардохтанд. Рақси лўлиёнайи гетерҳо халал дошт рақси эшонро.
Искандар чашми махмури хешро кушоду пўшид, пўшиду кушод, то дуруст бубинад, ки он куртасапед модараш аст ва ё каси дигар. Вале Олимпиада пироҳани сафед надошт, балки гулобӣ буд куртайи ў. Чун афсонайи мори сафед – Юпитер дар сараш зад, пироҳани гулобийи модар сапед тофт ба чашмаш ва рақси ў низ чунон намуд, ки мори сапед тоб мехўрад ва мепечад дар худ.
Ў «ҷанги Порс»-ро намехоҳад, чӣ гуна метавонад бирақсад дар ин базм?» Сар афшонд Искандар, то ҳушёр гардад ва донад, ки раққоса кист. Шояд гетере худро ба шакли Олимпиада сохта ба саҳна омада бошад.
— Протея! Ў... – Ланикаро ба ишорайи даст намуд Искандар,
– Ў модари ту нест?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо