Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Манорсавор то сари манори афканда бирафт ва пайдо накард ойинайи шашҷиҳатро.
Ғамӣ гашт, ки рабудаанд душманон. Аз сардийи об рангаш парида ва лабонаш кабудча гашта баромад аз дарё.
Офтоби ба ҷануб майлкардайи тирамоҳӣ таъсире надошт. Рўйи реги нарми соҳил чанде даву тоз кард, вале рафтораш дар дилаш намеғунҷид. Чун Устод марди рўҳафтода набуд ва ба қудрату тавони одамӣ имон дошт, дилшикаста нагашт, балки чора андешид.
Касе огаҳ набуд аз қасди ў. Агар Искандар огаҳӣ дошт, шояд бо кўмаки сипоҳу обтанҳо мушкили ўро осон мегардонд...
Ва дар чунин вақт Искандар аз пайи Устод кас фиристода буд, биоварандаш, то дилбардорӣ кунад. Чун фиристода танҳо баргашт ва хабари наёфтани Устодро расонд, Искандар фармуд бираванд ба соҳили дарё, шояд Устод он ҷо бошад.
Ва либосҳойи Устодро дарёфтанд андар буни манори вожун.
Дар шигифт уфтоданд ва сарфавҷ ба ғаввосон бифармуд филфавр худро ба об андозанд. Чунон карданд ва Устодро аз қаър дарёфтанд, ки ойинайи шашҷиҳатро оғўш карда буд. Мурдааш пиндоштанд ва дасташ аз ойина ҷудо карда боло задандаш. Устод баланд рафт ва расани ба миёнаш пайваста ойинаро рўйи об бардошт. Ойинайи вазнин Устодро зер кашиданӣ мешуд. Чун огаҳӣ ёфтанд аз ин кор, ғаввосон бардоштанд ойинаро...
Ва Устоди мадҳушро хобонданд рўйи реги соҳил. Пахш карданд сари синаашро. Даҳон ба даҳонаш гузошта нафас доданд... Ба ҳуш омад Устод. Бибурдандаш ҳамроҳи ойина назди Искандар...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо