Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз пешниҳоди Устод Олимпиада шод буд, ки Искандарро аз ҷанги Порс бозмедорад. Вале хушоянд набуд чунин пешниҳод шоҳи ҷавонро. Ў беқарорӣ дошт ва мехост зудтар биравад ба Шарқ. «Ту гуфтӣ, Устод, Оби Ҳаётро, роҳ намудӣ, акнун монеъ мегардӣ ба сафар...» Хаёли ўро ба ҷуз худаш касе пай набурда буд. Искандари аврангзеб паҳлўйи хеш нишонда буд Устодро ва пурсу посух мекард аз ойинасозийи Устод.
Искандар: — Чӣ гуна мешавад он ойина?
Арасту: — Ойинайи шашҷиҳат.
Искандар: — Дар куҷо мешавад он ойина?
Арасту: — Андар сари манорайи Искандарӣ.
Искандар: — Мурод аз ин ойина чист?
Арасту: — То туро аз шаш ҷиҳат аз омадани душманонат огоҳ гардонад.
Искандар фикр накард. Бархост ҷаста. Каф кўфт баҳам. Ҳозир шуданд хидматгузорон.
— Вузаро, хазинадор ва солорони сипоҳро бифармоед!
— Зарурате надорад, Александр... Ман ҳанўз ойинаро насохтаам.
— Боке нест. Ҳар чӣ андар зеҳну замири шумост, рух мезанад, Устод!
Ва Арасту бисохт ойинаро. Насб карданд бар сари манори Искандарийи Фаранг, ки андар канори дарё Искандар бино карда буд ва аз аввалин бунёдкориҳойи ў ба шумор мерафт. Арасту ин ойинаро ба номи хеш магузошт, чун шоҳ Искандар буд, ойинаро «Ойинайи Искандарӣ» ном доданд. Ва Ойинайи Искандарӣ пуровозатар шуд аз Искандарӣ. Душманон ошкору ниҳон ба тамошо меомаданд, вале омаданҳойи эшон оқибати бад дод: чун Искандар ба нақшаҳойи ҷанги Порс омода мешуд ва шаборўз бо сипаҳбадону корзордидагон маслаҳату машварат дошт, фавҷи хосаро нав мекард, ба таги дили модар ҷой гашта ризоияти ўро мегирифт, душман ҳамлавар шуд ва Искандариро барҳам зада, манорро афканданд ба рўд. Фарангиён қасди деринайи хешро ситониданд, ки Искандар шўриши эшон фурў нишонда, шаҳрашонро барҳам зада, Искандарӣ барпо карда буд. Чунин кинахоҳийи фарангиён зиёдтар аз ҳама Арастуро андўҳгин карда буд, ки барҳам заданд мўъҷизайи офаридайи ўро. Пас аз он ки дуди сўхтори Искандарӣ пароканда шуд ва дар вайронаҳо буму сагони вилгард маъво гирифта буданд, Арасту омад андар канори рўд, бинишаст паҳлўи пояйи манор ва ба андеша фурў рафт, ки чаро нокасон ободиро намехоҳанд. Арасту ин ойинаро баройи як рўзу ду рўз насохта буд, сохта буд, то ҷовидона монад чун асарҳойи фалсафиву адабиаш.
Хеле сукут варзид, зону оғўш кард, пасон тиҳипой гашта, бар қади манори огун бар об шуд.

пешина
аз 390
навбатӣ