Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

дошта ба атроф нигарист, касе пайдо набуд. Боз сар гузошт. Боз мушткўбӣ такрор ёфт. Сару рўйи ўро арақ пахш кард. Аҷабаш омад, ки пой бар оби сард арақ мекунад. Сари кор сар шиканад.
Андешаву ҳаяҷон даруни об арақшораш кард. Пасон раъша давид ба танаш, мурғак дамид ба пўсташ. «Дук-дук-дук...» зарби дили ў буд, ки садояш аз тахта меомад, аммо сарфаҳм намерафт аз воҳима ва андешайи он ки ҳатман касе таъқибаш дорад.
Сармо гирифт танашро. Пой аз об кашид ва зери хеш ҷамъ кард, то гарм шавад. Вале дар асл гўшу ҳушаш ҷониби қаср буд.
Ё садо бояд ояд аз он сў ё бало. Садоеву балое набуд аз он ҷониб, зеро Ох гаҳворапўшро пўшида буд ва модари ҷавон гумон дошта бошад, ки тифлаш сахт хуфта.
...Ва ғалмағал шуд андар диж. Шояд модаракони духтарчаҳойи гаҳворапўшашон бозмонда аз савдо огоҳ гашта бошанд ва ё Мино тифли худро гум дида бошад. Садоҳо боло шуданд, аммо ҳарфи равшан намеомад, лекин баройи Ох ҳама асрор равшан буд. Ў аз нав пой бар об андохт. Гўш медод, то ҳарфҳойи эшон равшан бошанд.
Вовайлойи Мино баромад. Палонҷҳо ўро ором мекарданд, ки садо баланд накунад, то шоҳ огоҳ нагардад. «Обро надида мўза кашидан хуб нест, Мино. Шояд касе аз дўстдорӣ гирифта, боз орад».
«— На... намеорад... ун тифлаки хубрўро намеорад… махсус карданд... аз рашк карданд...»
Ва омаданд назди пардадор. «Кӣ даромада буд ба диж?»
«— Сипаҳсолор даромада буд ва ҳоло бурун нарафта», – ҷавоб омад аз пардадори пир, ки тамоми шоҳони ҳахоманиширо эътиқод дошту хидматгузор буд.
Ба пушт зада буд Ох. Гўш медод, то чӣ ояд аз он сў.
Палонҷҳо ва дояҳо ташвиш доштанд, ки қуръайи бадномӣ бар эшон наафтад.
Сарбозон ба такопў даромаданд, ҳама ҷоро меҷустанду хабар мегирифтанд, то касеро пайдо кунанд, ки шубҳаашонро яқин гардонад. Ҳар қадар ташвишу такопўву ҷустуҷўй андар диж зиёд шавад, тапиши дили Ох зиёда мегашт.
Хабар ба шоҳ Ардашери II расид, ки писари хурдаки якунимсолааш ғайб задааст. «Париҳо рабуда ўро» фармуд шоҳ, ё баройи тасаллийи хешу Мино ва ё аз он, ки Минойи паривашро аз ҷумлайи париён медонист. Аз ин рў гумон дошт, ки шояд чунин шуда бошад. Ва шоҳ ҳамаро умедвор гардонд, ки рўзе париён меоранд писарро. Ҳарчанд гуворо буд чунин ҳарфи шоҳ баройи Мино, ўро таскин дода натавонист. Шоҳ фармуд дояро бозпурс кунанду озораш диҳанд, аммо Миноро истинтоқ накарданд.
Охи зираки бадкор медонист, ки Мино азиз аст шоҳро ва тифлаш азизтар. Ва чунин ҳарфи шоҳ ҳам Миноро буд, то ғусса нахўрад, накоҳад.

пешина
аз 390
навбатӣ