Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо вуҷуди он чунин тахмини шоҳ тасаллӣ бахшид Охро, ки гумонбар аз ў нестанд. Тапиши дилаш паст шуд... ва аммо ба ҷойи парӣ тифлро моҳигире овард, тифли беҷонро...
Чун Ох тифлро аз дасти моҳигир бигирифт, гирён шуд ва бўсакунон ба қаср даровард. Назди шоҳ бурд. Шоҳ Ардашери II тифли сапедаки берўҳро бидид, ғамӣ шуд ва раммолро бихост:
«Фол бубин, ки кори кист? Чунон ки Ох мегўяд, шояд кори палонҷҳо бошад».
Раммоли пир фол кушод, дар фолаш мард омад.
Шоҳ Ардашери II вазир Боҳуйро бихост. Вазири донову пухтакору пурмакру ҳиял биомад назди шоҳ. Аз қисса огоҳ гашт ва фармуд: «Шояд кори бародарон бошад?»
Ранги Ох канд. Забон зери дандон газид, то асрор ҳувайдо насозад.
«— Ох, байни бародарон мегардӣ ва яқин мекунӣ, ки кори кист».
«— Ба чашм, падар!» – ҷон гирифт Ох ва сар андохту намоз бурд, вале надид, ки Боҳуй чун менигарад сўяш. Зеро шоҳзода макру ҳилаҳойи вазири маккорро намедонист ва огоҳ набуд, ки Боҳуй чун маънӣ мекашад аз ҳар ишораву ҳаракоту тағйири рангу рўй ва худро гум карданҳойи инсон. Вазири доно аллакай баройи хеш чизе пайдо кард аз безобитагӣ, тағйири ранги рўй ва худро гум кардани Ох. Ва сурфид, то шоҳзодайи надидакор ба худ ояд.
Чашмаш ба нигоҳи Боҳуй афтод ва нигоҳи тези вазир чашми ҷавони нокорро бурд. Ҳамчун гунаҳкор шах шуд.
«Ох!»
Садо баромад. Шоҳзода як қад парид. Гумон кард: падар аз нигоҳҳо рамуз гирифт, вале падар сар андохта буд ва гирифтори андешайи хеш. Вазир заҳрханд дошт ва чашмак кўрак мекард сўйи Ох. Вале чизе намефармуд. Ларза даромад дар пойи шоҳзода.
Вазири маккору рамузфаҳм пай бурд ҳолати ўро ва фармуд:
«— Шоҳам, Ох аз беҳтарин писарони шумост...»
Ох нафаҳмид, ки вазир баройи чӣ чунин гуфт. Ба худ хулоса баровард, ки баройи ба доми худ кашидан ин ҳарфро мегўяд ва ё киноя мезанад ва бо кинояи хеш ба шоҳ мефаҳмонад, ки қотил ҳамин писари беҳтарин аст. Ба ҷойи ҷавоб танҳо сар ҷунбондани шоҳ хиҷолати Охро афзуд. Ў зери пояш нигарист. Пойи аз ларза қарор гирифтааш аз нав ларзид. Ох яқин кард, ки чунин гуфтугўйҳойи шоҳу вазир доми хубанд баройи дастгир кардани сайд.
«— Аз пайи фармуди шоҳ бишав, Ох!» – садо дардод вазир ва баройи он ки шоҳзода аз ҳолат барояд, рў ба шоҳ Ардашери II овард: «Шоҳо, метавонед ба писари зиракатон бовар кунед ва умед бандед».

пешина
аз 390
навбатӣ