Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Гиря накун, ман медонам ту гуноҳ надорӣ, вале чаро аз писари хурди ман сар карданд?
— Зеро писарони бузурги шумо авранг мехоҳанд, шоҳам.
Шоҳ Ардашери II асрор ҳувайдо накарда, чашм фарохтар кушод, биандешид ва ҳарфи ўро бо гуфтайи Ох муқоиса кард:
«Магар кори Нўшин аст?».
— Осуда бош, Мино, ҳаёт дар пеш аст...
— На, шоҳам... Зиндагӣ баройи ман дигар маънӣ надорад.
Гумон мекунам ҳаёт мисли даймоҳ сард аст. Гургон гала шудаанд, ҳамаро балъиданианд.
— Чиҳо мегўйӣ, Мино?!
— Бале, шоҳам... Шумо чунин ҳолро хоҳед дид.
— Аз чӣ рў чунин гўйӣ? Магар касе чизе гуфт?
— Оре... Вақте ки писар зидди падар аст, дар ҳаққи ў бадгўйӣ мекунад, чӣ ҷойи сухан?
— Нўшинро дар назар дорӣ?
— Бале...
Раҳо кард Миноро шоҳ. Ба мароми аввал гом мезад. Гиреҳ зад миёни абрўвонаш, чини ҷабинаш фурўтар шуданд.
— Бирав, Мино... Осуда бош...
Шоҳ Ардашери II фармуд писари бузургаш Нўшинро оварданд.
Ҷавонмарди болобаланди зебо Нўшин ҳайрон буд, ки чаро ўро назди падараш оварданд, на худаш омад. Боре ҳам нашуда буд, ки ўро бо амру фармон оранд. Ҳатто дояҳо ўро намеоварданд, худаш меомад. Ҳоло ки ба фармуди дигарон назди падар даромад, намоз овард ба шоҳ ва тахти ў, вале муомилайи сарди падарро дида, гумон кард аз сараш оби сард рехтанд.
— Дар дунё чӣ ҳарфҳойи нав, Нўшин?
Нўшин ҳайрон шуд, ки чаро падар аҳволи ўро на, ҳоли дунёву ҳарфи онро мепурсад. Зуъмаш гирифт, ҷавоб гуфтан нахост, балки мехост бипурсад аз ў, ки чӣ газидааст ўро: саг ё каждум? Вале чун ному ҳуқуқи падариаш буд, оҳиста садо кард:
— Аз ҳарфҳойи тозайи дунё огоҳ наям, падар.
— Пас ба чунин аҳвол чун метавонӣ сатрапи Миср шавӣ?
— Ман сатрапи Миср шуданӣ нестам, падар...
— Магар шоҳи Порс шуданӣ ҳастӣ?
— На, падар. То замоне шумо ҳастед, касе ба ин тахти мурассаъ ҳуқуқи нишастан надорад ва зебанда ҳам нест.
— Агар хоҳад?
— Агар хоҳад ҳам. Вале набояд хоҳад... Худойи бузург Аҳура Маздо ин маснадро ба шумо шойиста дониста.
Шоҳ Ардашери II дар зеҳн ҳарфҳойи Мино, Ох ва Нўшинро муқойиса мекард, вале ба хулосае омада наметавонист. Нўшин меҳрубонтар аз ҳама ва ҳатто андешайи волии вилояте шуданро ҳам надорад. «Аҷаб аст ин».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо