Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ба мойиндарат Мино чӣ гуфтӣ?
— Ман, ки ўро надидаам, чӣ бояд гўям, падар?
— Ва фавти писари ўро низ надонӣ?
— Бале... магар...
— Ҳамин тавр.
Нўшин сар андохту гирист. Падар гумон кард, ки баройи халосии ҷони хеш мегиряд, на аз сўз. Даст ёзида аз кунгурайи курсии роҳат бидошт ва нигарист ба писар, ки чӣ гиряҳо мекунад. Болову пойин ҷунбидани китфонашро дида, гумон кард, ки писар гиряйи дурўғин дорад.
— Ту чӣ гуна бародар ҳастӣ, ки дар як қаср буда аз марги ў бехабар монӣ.
— Ман набудам, падар.
— Куҷо будӣ?
— Шикор рафта будам.
— Шикори кӣ?
1
— Шикори олуҳ.
— Ба ту чӣ лозим шуд олуҳ?
— Чанги онро хостам дошта бошам. Гўянд, пирўзӣ орад...
— Пирўзӣ орад? Бар кӣ?
— Бар душман.
— Магар ту душман ҳам дорӣ?
— Оре, падар.. Душмани шумо душмани ман аст.
— Ва шикораш кардӣ?
— На. Бисёр баланд будааст лонааш...
— Касе, ки ба лонаи олуҳ роҳ наёбад, чӣ гуна бар душман пирўз шавад?
— Пирўзӣ бар душман бо мадади Аҳура Маздойи ягона мешавад, падар.
— Аҳура Маздо дўст надорад, ки олуҳро сайд кунанд...
Нўшин чун дарёфт, ки ба падар сухан маъқул кардан осон нест, хомўш бимонд. Ба шери ғазаб ҳамлавар шудан маънӣ надорад.
Вале шоҳ Ардашери II сар мешикаст, то муайян созад, ки айбу гуноҳ аз ҷониби кист. Аммо ин кори осон набуд. Зеро ў хубтар аз писарон таърихи шоҳони Порс, афсонаҳойи асотирийи Юнони қадимро медонист, ки баройи ҷоҳу ҷалол куштани бародар бародарро, писар падарро ишколе надорад. Шоҳ то ҳанўз ба писари хубчеҳраш Нўшин ҳарфи сахт нагуфта буд ва медонист, ки арзандайи аврангзеб ҳамин писари бузургаш ҳаст. Аммо ҳодисайи рухдода ўро музтарибҳол гардонд. Ва ҳоло ки равшанӣ дар ин фоҷиа нест, намедонад чӣ бикунад.

  1. Олуҳ – уқоб.
пешина
аз 390
навбатӣ