Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ва Ох андар Кўшки Гардон пой бар об бозӣ дорад, то хешро тасаллӣ диҳад ва сардиву таровати об тапиши дилашро паст кунад.
Гўш ба қимор аст, ки аз шоҳ чӣ ҳукме пеш ояд. Бисёр мехоҳад, ки ҳукми марги бародараш Нўшин бошад. Зеро кори ўро осон гардонад ва зудтар ба мурод расонад. Тароват ва сардийи об кўмакаш накард. Дилаш бизад. Аз андешайи зиёд ва ҳаяҷон бизад дилаш:
«Мабод, ки ҳукми куш ба номи ман гардад». Хаёлаш номашро гирифта ҷеғ заданд. Гўшаш садо дод ё зеҳнаш, безобита гашт. «Ту низ ба об рафтанӣ ҳастӣ?». Ба пас нигарист, ки касе овоз дода бошад. Касе набуд. Сар афшонд, ки хоб аст. Пой аз об кашид, ки назди шоҳ биравад. Аммо метарсид аз рў ба рў шудан бо Нўшин. Бародари ҳамтан борҳо баройи шўхиҳойи ноҷояш танбеҳ ва гўштоб дода буд ва агар имрўз тўҳматаш дар ҳаққи бародари бузург фош гардад, зинда нахоҳад монд... Дергоҳ нигарон шуд, назди шоҳ нахондандаш.
Садойи Мино омад, ки вовайло дошт ва садойи пасти палонҷҳо низ шунида мешуд, ки оромаш мекарданд. Ох кафши чўбиро, ки одатан дар лаби рўд ва вақти саҳро рафтан мепўшид, ба пой кашид ва ба девори диж наздик рафт, то бишнавад, ки аз забони занҳо чӣ бармеояд. Онҳо ҳама сирру савдоро миёни хеш мегўянд, ба хусус байнашон низоъ афтад, ҳарфи нагуфта намемонад. Сўҳбат ба таънаву маломат мегардад.
«— Дидаанд, ки Ох баромада аз хонайи Мино». Ба гўши шоҳзода расид ва ў нақши девор гашт. Ох шинохт ин овозро: садойи мойиндари баттол, ки дойим ўро дида «шайтон» мехонад. Мойиндари чаҳорпаҳлўйи шикамдори ғафслаб, ки шоҳ Ардашери II кайҳо боз бо ў муҷомааву муносибат надорад ва ин зани шаҳвонӣ харпанҷа андохта миёни шўро ба дард наовардааст; Охро зери назар дорад, то ба балое гирифтор кунад. Ин бадбинӣ аз он рўз сар зада буд, ки аз дами дар ба сипоҳи раҳгузар абрў паррондани ғафслабро Ох дида буд. Ва баъди гузашта рафтани сипоҳ Ох даст сўйи мойиндар қарқара карда буд... Аз он вақт Ох ҳам ўро бад медид… вале ин асрорро то ҳанўз Ох ба касе нагуфта. Ва ҳоло ки аз паси девор ҳарфи мойиндарро шунид, пушаймон шуд, ки чаро нагуфт... Хашм гирифт Ох, ки мойиндар ба дасташ афтад, гўрашро меканад.
Ох дур рафт аз паси девор, то набинандаш. Бозомад ба Кўшки Гардон, ки ҳама матлабу муродашро аз рўд меёфта бошад.
«Кўшк суст мегардад... ошёнаҳо оҳиста фурў мераванд. Бояд ки дар они воҳид фурў раванд... Он чаҳорпаҳлўи ғафслабро низ бояд фурў баранд...»
Ба назари Ох душмани ашаддийи аввалдараҷа на шоҳ, на бародарон, балки мойиндари чаҳорпаҳлўйи ғафслаб буд. Нахуст ўро бояд аз миён бардошт, вагарна он ғафслаби ҳабашиштиҳо обро лой хоҳад кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо