Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Зодагон дарёфтанд, ки замони таълим расида, мураббийи донову зираку рамузфаҳм мебояд. Ҷўё шуданд мураббийи некўро. Ва Леониди некдил мададгор шуд: Лисимахи донойи боҳушу ройро аз Эпир овард, ки аслу насабаш юнонӣ буда, ба дарди Олимпиада мехўрд.
Чун Лисимахи зирак хў бо Искандар гирифт, огоҳ аз хосту тавону майли кўдак гашт, эҳсосу идроку завқу фитрати ўро ба худоёну нимхудоёну қаҳрамонони асотирийи Юнони Қадим бедор карданӣ шуд.
Пардохт ба афсонагўйӣ: ба назараш достони саромади худоёни юнонӣ «Зевси барроқ» мароқангезтарин достоне буд:
Крон (Осмон) имон надошт, ки ҳукумат ҷовидона дар дасти ў бимонад. Бим дошт, ки чун писарон бузург шаванд, бар зидди ў исён кунанд ва дар ҷое, ки ў падараш Уранро ҳукму қатл карда буд, онҳо низ ўро ҳукму қатл кунанд. Аз ин рў ба зани хеш Рея (Замин) фармуд, ки чун зойид, тифлро филфавр назди шоҳ фиристад...
Рея тифли аввалро парпеч карда ба шоҳ Крон фиристод, падар бибалъид писар. Дуввумиро фиристод... панҷумиро фиристод...
ва ҳамаро бибалъид шоҳ Крони падаркуш.
Рея намехост, ки тифли охиринро низ аз даст диҳад. Бо маслиҳати зодагонаш Рея ба ҷазирайи Крит бирафт ва андар ғори торик писари хурдийи ў Зевс ба дунё омад. Модар тифлро аз
1 падари ҷоҳилу фарзандхор пинҳон кард андар ғор ва ба ҷойи тифл санги сиёҳро парпеч карда ба падар фиристод...
Зевс андар ғори ҷазирайи Крит рушду нумўъ дошт. Дояҳо ўро ба шири бузи афсонавӣ Амалфей парво мекарданд. Орувон асали ноб меоварданд баройи навзод аз кўҳи Дикт. Ҳар гоҳ, ки Зевс гиря оғоз кард, хидматгорон шамшер ба сипар зада, садо дармедоданд, то Крон садойи кўдакро нашнавад...
Худойи тавоно Зевс ба воят расид ва рўзе аз модар бипурсид:
— Модар! Оё ман падар дорам?
— Оре, Зевс, падар дорӣ.
— Кист падари ман?
— Шоҳ бувад падари ту.
— Пас чаро боре маро хабар намегирад?
...Ва модар қиссайи фарзандхўрийи падарро бозгуфт. Зевс кина гирифт ба падар ва хашмӣ шуд. Аз девон лашкар ороста, асбони ҷангӣ фармуд ва тохт овард ба падар. Падар низ аз девону ҳазорпояҳо сипоҳ бунёд кард ва ба ҷанги писар даромад. Пурдаҳшат буд набарду мубориза. Зевс пирўз омад ва падарро маҷбур сохт,
- 3амин – зан, Осмон – шў, мехурад фарзанду мегиряд,
Ман ин занрову ин шўро намедонам, намедонам. (Мав лавӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё