Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

то писарони зинда балъидаашро қай бикунад. Крон ончунон кард, ки Зевс фармуда буд. Фарзандон зинда бурун омаданд аз даруни падар ва мубориза карданд бо шоҳ.
Фарзандони шоҳ Крон дар кўҳи баланди Олимп маъво гирифтанд. Азобашон сахт буд. Титанҳойи ҷониби Крон пурзўр буданд.
Деви якчашма Циклон ба ҳимояйи Зевс бархост ва бо раъду барқу тўфон сўйи титанҳо (пешвоён) ҳамлавар шуд. Муҳориба даҳ сол тўл кашид.
Зевс тасмим гирифт, ки азаматҳойи саддастро аз қаъри замин озод бикунад ва ба ёрӣ хонад. Азаматҳо ҳар кадом чу порайи кўҳ бурун омаданд аз зери замин ва ба ҷанг даромаданд. Онҳо аз кўҳи Олимп харсангу шахҳойи бузургро канда сўйи душманон меандохтанд. Чу душман бар кўҳи Олимп часпида боло шуд, сад-саду ҳазор харсанг сўяшон париданд... Замин ба фарёд омад. Фазо пур аз раъд шуд. Биларзид замину замон. Замин оташ гирифт. Баҳр биҷўшиду хурўшид. Фазоро дуди ғализи сиёҳ фаро гирифт.
Оқибат лашкари Крон мағлуб шуд. Азаматҳо фирор карданд.
Сипоҳи Зевс онҳоро аз дарвозайи Тартар даруни ғор ронданд ва дарвозабон гузоштанд аз саддастҳо, ки то рузи қиёмат бурун наояд адў.
Падари баччахўри Зевс ғаши Искандарро овард; чӣ кор карданашро надониста ба чуну чаро даромад. Вале Лисимах имтиҳон карданӣ шуд:
— Искандар, афсонайи Зевсро шунидӣ, бозгў бикун ба ман.
— На устод, такрор бикун.
— Навашро мегўям. Гераклро...
— На. Такрор бикун, устод!
Лисимах такрор бикард афсонаро.
— Акнун бигўй навашро. – Гўё беҳтарин бозиро нав пайдо карда бошад, беқарорӣ кард Искандар. Ва устод фармуд:
— Гераклро? Ахиллро?
— Ахиллро бигўй!
Лисимах сар андохт, ба ёд овард ва фармуд:
— Ман – Феникс, ту – Ахилл...
— На. Ту – Лисимах, ман – Искандар.
— На. Мегўям, ки ман ба ҷойи мураббӣ Феникс ҳастам, ки ба Ахилли писари олиҳайи Федика таълим медод ва аз рўйи таълиму омўхти ў Ахилл қаҳрамони диловар шуд.
— Чун буд?
— Чунон ки огоҳ ҳастӣ, наҷоди падарат ба Геракл ва наҷоди модарат ба Ахилл дакка мехўрад.
— Пас, ман кистам?
— Искандар.
— На. Зевс!
— Хуб, Зевс!

пешина
аз 390
навбатӣ