Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агар ҳарфи ту бо ҳарфи Мино яке набуд, ба Нўшин ҷазо намедодам.
Баройи Ох ин ҳарфи тоза буд ва ў намедонист, ки шоҳ ба Нўшин чӣ ҷазо дода, ба ҳар ҳол дар дил хушҳол гашт ва фармуд:
— Миёни бародарони ман Нўшин танҳо нест, падар... Хеле аз эшон дар зиндагийи шумо даъвойи тахту тоҷ хоҳанд кард. Бино ба мушоҳидаҳойи ман дер ё зуд баройи тоҷу тахт миёни эшон пархошҳо хоҳад шуд.
— Аз куҷо донистӣ, Ох? – аз авранги хеш биҷаст шоҳ.
— Ман миёни эшон худро ба гўлӣ мезанам ва ҳарф мечинам...
— Ҳар ҳарфе бишнавӣ, биё назди ман, бо ман бигўй.
— Ба чашм, падари бузургвор... Агар шумо сад дар сад бовар дошта бошед...
— Ман ба ҳарфи ту бовар мекунам Ох. Бирав!
Ва Ох он чӣ мехост, пеш омад. Аз Ғафслаб худо ҷудояш кард; дастгоҳи кушиши бародаронро худи шоҳ ўро бахшид. Дар саҳни Кўшки Гардон худ ба худ мерақсид ва аз завқ хам шуда аз рўди Арованд каф-каф об гирифта ба рўй мепошид ва қатраҳойи дар даҳон омадаро мемакид, ки умеду ояндааш ҳамин рўди шўхи дамон аст. «Ин Кўшки Гардон кушишгоҳ хоҳад шуд».
Ва шуд... Ох бародари як саду сенздаҳумро, ки нав шевайи роҳ рафтан омўхта буд, ҳамроҳи худ ба Кўшки Гардон бурд ва зуд ба ошёнайи дуввум баровард, ки касе набинад, зеро ошёнайи дуввум нимдевораҳо дошт ва паси он ҳар кор кардан осон буд. Ин замон дили Ох он қадар наметапид, ки бори аввал, вақти зери домон овардану ба об афкандани бародари сағираш тапида буд ва ҳоло шоҳ ба ў иҷозайи мушоҳидаву суханчиниву санҷишро додааст ва усули тўҳмату фатво дар забони худаш аст, аз ин рў андаке хешро далер, ҳоким ва кордон меҳисобад, осонтар шуда кораш. Даст бурд ба даҳону бинийи кўдак, зеро зинда ба рўд андохтан хавфе дошт, ки фарёд заданаш мумкин аст ва аз имкон дур нест, ки гўши ҳамсояҳо бод бигирад, аз ин рў каф ба даҳону бинийи ў гузошт, ки кафу панҷайи бузургаш гирди сари тифл гардид. Тифли ноогоҳ аз қисмат дасту по мезад, талвосайи раҳойӣ дошт. Ох сари ўро чун себча тоб дода канданӣ шуд, вале тарсид, ки кафи дасташ ковок мегардад ва садойи ҷонхароши тифл бармеояд. Даст ҷониби рўд бурд, то ўро андозад, аммо афсонаҳо ёдаш омад, ки зиёд касони афсонавиро ба об афкандаанд ва эшон зинда монда, рўзе қасди хеш ситонидаанд. Даступозаданҳо ва бо нохунҳойи нарму ногиро харошидани дастони Ох ва талвосайи ҷон кандани тифл хотима ёфт ва дасту пой ёзонд.
Ох буни нимдевора хобонд ҷасади ўро. Ба назараш дарозтар ва бузургтар тофт. Ҳаросид. Ногумон атрофро аз назар гузаронд.
Касеро надид, аввал лўлаеро ба об афканд, пасон ҷасадро андохт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо