Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ва сар боло накарда андар оби рўд ҳайкали рўъёйийи вожуни вазир Боҳуйро бидид, ки аз қаър сўяш менигарист. Ларзид вуҷудаш.
Чашм пўшиду кушод. Мавҷ шикаст сурати вазирро. Ох карахт шуд ва аз тарс наметавонист сар боло кунад. Вазири воруна андаруни об заҳрадони ўро кафонд. Ҷасад монда рўҳ рафта буд Охро. Ва ў наметавонист чизе биандешад. Ҳайкали сарозери Боҳуй меларзид, гум мешуду боз пайдо мегашт. Ох саропойи ҳайкали сарнагуни ўро дида чаронд ва нигоҳаш андар пойи ростойи дар соҳили дигар будайи вазир қарор гирифт. Ҳама чизро фаромўш кард Ох:
худашро, ақлашро, ҳушашро, вале хаёле чун барқ аз сараш гузашт, ки пештар аз бародаронаш хоҳад мурд: «Дер ё зуд бояд чунин мешуд... аммо хеле зуд омад».
Рў ба рў ҳайкали азими Боҳуй чун кўҳ барпой буд. Воқеан ҳайкал на меҷунбид, на даҳон мекушод, на ишорае дошт. Вале ба назари Ох садҳо маротиба бузург шудаву беҷон аст вазир. Шоҳзода ҳайрон, ки чаро садо намекунад хоҷасарой. Ҳама рўйдодро дид, вале хомўш аст. «Кўдакро бидор» намегўяд, «Чаро чунин кардӣ?»
намепурсад, шодмонӣ намекунад, ки «қотил пайдо шуд»...
...«ё фиреби назар бошад?»
Вале фиреби назар набуд. Боҳуй он ҷониби рўд чун муҷассама буд. Ва карахтийи ў Охро девона кард, ки масхарааш гирифтааст, ба ҳолаш механдад. Хуб аст, агар чизе бигўяд, ишорае бикунад ва ё тире бизанад. Чунон тобад, ки хирсу сайёд чашм ба чашм шудаанд, менигаранд ба қаъри чашми ҳам, то кӣ зўр ояд ба қуввайи чашм. Ва Боҳуй чун хирси бохта рў гардонду бирафт. Гўйӣ рўъёйӣ буд ин муҷассама. Чун бирафт, Ох парешонтар шуд, ки чизе нагуфта рафт. Ҳарчанд ларзону ҳаросон мағз об мекард, тавони дарки муамморо надошт.
Баробари аз чашм чун шабаҳ ғайб задани Боҳуй аз ҳарам нолаву вовайлойи занона боло шуд. Ох дарёфт, ки воқиф шуданд аз нобудийи тифл, нашунида мегирифт хешро, эътибор намедод ба шевани эшон, ҳушу хаёлаш банд буд ба хоҷасаройи бузург Боҳуй. Агар пару бол медошт, Аровандрўдро парвоз карда, ўро дарёфтаву ханҷар зада, низ дар обаш меандохт, то замоне осуда гардад. Ҳайҳот! Мазза аз қайла гузашта. Хоҳ-нохоҳ дигар ба кор наравад найранг. Ё пеши шоҳ иқрор бояд кард ва ё бо ў рў ба рў нашуда илоҷе бояд ёфт. Шоҳзода дерёз нигарист он сў, ки хоҷасарой бозмегардад, аз ду соҳил гуфтугўй мекунанд ва шояд илоҷе пайдо шавад.
Вале ҷуз вовайлойи мойиндари суғдӣ, ғалмағали палонҷҳо ва садойи шоҳдухтарон чизе гўшрас набуд. Мағалу садо дардоданҳойи шоҳдухтарон аз он буд, ки шоҳ Ардашери II эшонро эътиборе намедод, чун писаронаш валиаҳд намедонист, эътиборашон набуд.
Ох, ки ин чизро медонист, ба садойи эшон аҳамият намедод, ки баройи мурдайи хеш мегирянд ва ҳатто ба суди Ох аст садойи онон, ки шоҳ эътироз медонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо