Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ва шод аст, ки кефтаву коҳида шавад тахту салтанати шоҳ.
Андешайи Ох дигар аст: «Илоҷи хоҷасаройро бояд ёфт».
Ҷувозак гашт чун Кўшки Гардон ва хаёл кард, ки фурў рафт зери об, об аз сар гузашт. Табдил ёфт ба мор, бирафт, аз тўри моҳигири пир гузашт, аз бандар убур кард, бузург шуд, ба аждар бадал гашт, фурў бурд ҳамаро ва қай карду пуф, аз даҳонаш оташ баромад, сўзонд ҳамарову дижро... вале раҳо ёфт вазири маккор...
Аз давр гаштан бозмонд, ба худ омад: «Гурез нест аз дасти хоҷасарой...»
Ў башитоб баромад ба ошёнайи дуввуми Кўшки Гардон, ки шояд аз баландӣ хоҷасаройро бинад. Пайдо набуд хоҷасарой.
Нигарист ба дижу дарун. Мойиндари суғдӣ мўй парешон карда буд ва мегирист. Минойи ҳамқисмати ў паҳлўяш буд ва даст бар зону мезаду бар рўй мекашид. Сипоҳон зада даромаданд аз дарвозайи диж, ҷустуҷўй карданд ҳамаро, то ғайреро пайдо кунанд ва аз асрори мамоти тифл огоҳ гарданд...
Боз пайдо гашт моҳигири пир дами дарвоза, рў овард ба пардадори пурриш, ки сарбозон чаро ин қадар беқароранд. Ҳоҷиб, ки моҳигирро мешинохт ва борҳо аз тўри ў моҳӣ бурун оварда буд, ба ҳарфаш посух бидод:
— Ҷосусе рахна карда дижро, ки ҳар замон тифле аз шоҳзодагон гум мешавад...
— Аз ин рў ман омадам наздики шумо, ҳоҷиби мўҳтарам, огоҳ гардонам: боз ба тўри ман тифли мурда омад.
Ох, ки аз кўшки баланд омадани моҳигирро дида буд, он ҷо ҳозир шуд ва гўш дод гуфтори эшонро ва наздик омад. Ашк ҳалқа зада буд дар чашмони ў, на аз марги тифл, балки аз қисмати хеш, ки аз дасти Боҳуй раҳойӣ нест. Ва ашк дар чашм ҳамроҳи моҳигир рафта мурдайи бародарро овардан маъние надорад. Буд-набуд хоҷасарой ҳозир мегардад он ҷо ва дидаҳояшро бозгў мекунад ба шоҳ.
Пештар омад Ох ва аз буни сутуни паҳлў гўш дод ба сўҳбати эшон.
— Ту чӣ донӣ, ки ин тифл аз шоҳзодагон аст?
— Инро кӣ надонад, ҳоҷиби мўҳтарам... То диж дарбанд ҳаст ва баъди диж. Ҳар чӣ андар дарбанди дуввум андармон гардад, аз они шоҳ аст ва аз ин қаср.
— Бале...
— Ман, ки пеш аз ин ҳам оварда будам.
— Ёдам ҳаст, оварда будӣ.
— Накунад, ки боз орам. Ҳурмузи бузург нигаҳ дорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо